Футболи тоҷик дар ҳоли рушд: пирӯзии тими олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи “Чаҳор миллат” дар Қатар

Хабари хуб 22.01.2019 10:18

Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) ғолиби мусобиқаи байналмиллали "Чаҳор миллат" шуд, ки рӯзи гузашта дар Дуҳа пойтахти Қатар ба анҷом расид.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки аз 15 то 21 январи соли ҷорӣ идома кард чаҳор дастаи олимпии кишварҳои Қатар, Кувайт, Ирон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Тими Тоҷикистон дар даври аввал дастаи пурқуввати Иронро бо ҳисоби ду бар як ва дар даври дуввум Қатарро бо ҳисоби як бар сифр ба шикаст мувоҷеҳ кард.

Бозикунон Тоҷикистон дар даври саввум бо ҳисоби як бар сифр аз дастаи Кувайт шикаст хӯрданд. Ҳамин тариқ, ҷавонони тоҷик бо ба даст овардани 6 имтиёз аз 9 имтиёз барандаи мусобиқаи байналмиллалии “Чаҳор миллат” дар Дуҳа шуданд. Ҷойи дувум насиби тими Ирон бо шаш имтиёз, ҷой саввум Қатар бо 3 имтиёз ва мақоми чаҳорум бо се хол насиби Кувайт гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ширкат дар ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагии тими олимпии Тоҷикистон ба мусобиқаи “Осиё-2020” ки аз 22 то 26 дар Тошканд баргузор мешавад, мебошад.

Рақибони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз дастаи мунтахаби Ҳинд, Покистон ва Узбекистон мебошанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97