Нишастҳои матбуъотии вазорату идораҳо дар Тоҷикистон 28 январ оғоз мешаванд

Хабари хуб 21.01.2019 12:13

28 январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуъотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар робита ба ҷамъбасти соли 2018 оғоз мешаванд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, зимни нишастҳои матбуъотие, ки ҳамарӯза аз ҷониби якчанд вазорату кумитаҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон посух дарёфт кунанд.

Масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбъуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуъоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, мувофиқа намоянд. Ҳамарӯза дар сомонаи Агентии миллии иттилоъотии Тоҷикистон «Ховар» сана ва соъати баргузории нишасти матбуъотии идораҳо нашр мегардад.

Тибқи нақшаи дастгоҳи иҷроияи ҷумҳурии Тоҷикистон,  нишастҳои матбуъотӣ 28 январ оғоз гардида, 15 феврал ҷамъбаст мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуъотӣ мутобиқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97