Даргузашти пиртарин марди ҷаҳон дар Ҷопон

Хабари хуб 21.01.2019 08:59

Масазу Нунака пирамарди 113 солаи аҳли Ҷопон, ки исми ӯ соли гузашта ба унвони пиртарин марди ҷаҳон дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шуда буд, рӯзи якшанбеи соли ҷорӣ дар хонааш дар Ҷопон аз олам даргузашт.

Нунака 25 июли 1905 ҳамон соле, ки Эйнштейн теорияи нисбияти худро мунташир кард, дар шаҳри Ашура, дар шимоли Ҷопон ба дунё омад.

Пеш аз ин низ пиртарин фарди ҷаҳон бо 116 солу 54 рӯз аҳли Ҷопон буд, ки дар соли 2013 фавт шуд.

Масазу Нунака қадимитарин марди дунё буд, ки дар 10 апрели 2018 шиносоӣ шуд.

Шумори солмандони 65 сол ба боло дар Ҷопон, акнун 27.7 дарсад аз кулли ҷамъияти ин кишварро шомил мешавад, ки нишон аз пир шудани сареъи ҷомеъа дорад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97