Тоҷикистон дорои ҳудуди 2.5 миллион нафар нерӯи қобили кор аст

Хабари хуб 19.01.2019 10:24

Агентии давлатии омори назди ҳукумати Тоҷикистон теъдоди нерӯи қобили кории кишварро 2 миллиону 368 ҳазор нафар эълом кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, аз 9 миллиону 150 ҳазор нафар ҷамъияти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 2 миллиону 368 ҳазор нафар дар бахшҳои мухталиф фаъолият мекунанд. Аз ин теъдод 98 дар сад дар бахшҳои иқтисодӣ машғул ба кор ҳастанд ва 52 ҳазор нафар низ ба таври расмӣ афроди бекор ба ҳисоб меоянд.

Аз теъдоди афроди машғул ба кор дар Тоҷикистон, 30 дар сад дар бахши кишоварзӣ, беш аз 20 дар сад дар бахши маъориф ва беш аз 9 дар сад дар соҳаи тандурустӣ ва дармон фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин 4.8 дар сад дар идороти давлатӣ, наздик ба 4 дарсад дар идороти амниятӣ, интизомӣ ва дифоъӣ, 3.9 дар сад дар бахши сохтмонӣ, 2 дар сад дар бахши ҳамлу нақл (нақлиёт) ва тиҷорат ва 1.5 дар сад низ ба унвони афроди восита ва миёнарав (даллол) машғул ба кор ҳастанд.

Пойинтарин мизони маъоши моҳона дар Тоҷикистонро кормандони бахшҳои кишоварзӣ, маъориф ва тандурустӣ дарёфт мекунанд. Ба ин тартиб, кишоварзон моҳе 617 сомонӣ (муъодили 65 доллар), тандурустӣ 817 сомонӣ (муъодили 86 доллар) ва маъориф 933 сомонӣ (муъодили 99 доллар) ҳақмузд мегиранд.

Аммо кормандони бонкҳо, бахши сохтмон ва маъдан моҳиёна 3 ҳазору 520 сомонӣ (374 доллар) 2 ҳазору 605 сомонӣ (276 доллар) ва 2 ҳазору 488 сомонӣ (264 доллар) ҳақмузд дарёфт мекунанд.

Мизони маъоши миёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 324 сомонӣ (муъодили 140 доллар) эълом шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97