Намояндагони маҷлиси Англия хостори ташкили вазорати гуруснагӣ шуданд

Хабари хуб 12.01.2019 10:24

Як гузориши маҷлиси намояндагони Британия нишон медиҳад, ки аз ҳар панҷ кӯдаки зери 15 соли ин кишвар, як нафар дар хонае рушд мекунад, ки ба далели камбуди молӣ ё дигар манобеъ дучори маҳдудият дар дастрасӣ ба ғизо аст.

Бинобар ёфтаҳои ин коммисия, мушкили таъмини манобеъи молӣ боъис шуда то хонаводаҳо ба суи ғизоҳои арзонқимати пуркалория рӯ биёранд, ки ҳамин матлаб бурӯзи суъитағзия ва изофаи вазнро сабаб шудааст.

Ин гузориши 56 саҳифаи тавассути коммисияе иборат аз намояндагони ҳизби муҳофизакори ҳоким ва ҳизби мухолифи коргар таҳия шудааст ба давлат пешниҳод мекунад барои рафъи мушкил, таъсиси вазоратхонае барои ҳалли мушкилоти гуруснагиро рӯи кор гирад.

Раиси комиссияи бозрасии шароити зистии маҷлиси Британия дар ин бора гуфе: “давлат ба ҷои ҷустуҷӯи далоили фақр дар хориҷ аз марзҳо, бояд дар соли ҷадид бар иқдоми фаврӣ дар хусуси ҳалли мушкили гуруснагӣ ва суъитағзия тамаркуз кунад”.

Ба гуфтаи вай, ҳазинаи гарони зиндагӣ, рукуди мизони дастмуздҳо ва низоми ҷадиди хадамоти дармонӣ сабаб шудааст то мардум бо гуруснагӣ мувоҷеҳ шаванд.

Як таҳқиқи ба ин мушобеҳ аз суи Созмони Миллал дар соли гузашта низ нишон медиҳад, ки аз ҳар се кӯдак дар Британия як кӯдак дар шароити фақр бузург мешавад.

Нигарониҳо дар хусуси вазъияти фақр дар Британия дар шароите иброз мешавад, ки баровардаҳои бонки марказии ин кишвар нишон медиҳад бо хуруҷи эҳтимоли аз Иттиҳодияи Аврупо дар торихи 29 марти соли ҷорӣ, иқтисоди Британия то 8 дар сад хурдтар хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97