Рӯзи гузашта Заробиддин Қосимӣ сафири фавқулъодда ва мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ ба доктор Ҳамад ибни Сулаймон ал-Бозъӣ муовини вазири молияи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ анҷом дод.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, тайи ин дидор масоили марбут ба тарҳҳои молиявӣ барои ҳимоят аз рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тарафайн бо изҳори қаноъатмандӣ аз сатҳи равобити муваффақи ахири Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ таъкид карданд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, молиявӣ ва сармоягузории миёни ду кишварро дар оянда низ бештар густариш хоҳанд дод.