Одобу русуми аҷибу ғариб, ки дар рӯзи таваллуд дар кишварҳои мухталиф роиҷ аст

Хабари хуб 10.01.2019 13:40

 Русия

Дар Русия анъанаи ҷашни зодрӯз танҳо дар қарни 20 пайдо шуд.

Ҷашн гирифтани рӯзи таваллуд, ё ба иборати дигар зодрӯз дар Русия ҳанӯз аз қарни 17-ум оғоз гардид.

Дар ибтидо дар Русия рӯзи таваллудро подшоҳон ва наҷибзодаҳо ҷашн мегирифтанд. Каме баъдтар одамон “рӯзи ном”-ро дар ин кишвар ҷашн мегирифтанд, чунки онҳо рӯзи таваллуди худро дақиқ намедонистанд. Ҳамин тариқ, таҷлил аз рӯзи таваллуд дар ҳама ҷо бо меҳмонон ва тӯҳфаҳо дар Русия танҳо дар миёнаҳои қарни 20-ум роиҷ гардид.

Бо ин ҳол, имрӯзҳо низ дар ҳамаи кишварҳо рӯзи таваллудро ба таври баробар ҷашн намегиранд.

Олмон

Дар Олмон ҷашни рӯзҳои таваллуд, ба хусус кӯдакон ва фарзандонро аз қарни 13 оғоз карданд. Волидайн ҳангоми субҳ шамъҳоро фурӯзон мекарданд ва тамоми рӯз мувозиби ин шамъҳо буданд, ки хомӯш нашаванд ва онҳоро иваз мекарданд. Танҳо дар шом бачаи соҳибҷашн онҳоро хомӯш мекард ва хоҳиши худро изҳор медошт. Ва танҳо пас аз он метавонист тӯҳфаҳоро боз кунад.

Дар Олмон одате барои муҷаррдони синншон аз 30 боло, ки рӯзи таваллудшонро ҷашн мегирифтанд вуҷуд дошт: мард бояд як ҷорӯбро мегирифт ва кӯчаҳои асосии шаҳро тоза мекард, ва дӯстонаш партовҳои гунонгунро ба роҳ мепартофтанд. Ин кор то он даме, ки яке аз духтарони раҳгузар ин соҳибҷашнро намебӯсид, идома пайдо мекард.

Мексика

Дар ин кишвар дар рӯзи таваллуд як бозиеро тартиб медоданд: дар шохаи дарахт як асбоби бозии пур аз тӯҳфа ва шириниҳоро овезон мекунанд. Соҳибҷашн бояд ин асбоби пур аз шириниҳоро пора кунад то тамоми шириниҳои дохил ба берун партофта шаванд.

Афроди бузургсол дар Мексика ҳангоми таҷлили рӯзи таваллуд чеҳраҳои худро дар торт мехалонанд.

Чин

Дар Чин ғизои асосӣ бар рӯи миз ҳангоми таҷлили зодрӯз риштаи фарангӣ (лапша) маҳсуб мешавад, ва он ҳар чи дарозтар бошад беҳтар. Соҳибҷашн бояд ин лапшаро дар даҳон бикашад бе он ки вайро бигазад. Ҳар чи қадар, ки ин кор ба вай даст диҳад ҳамон қадар зиндагии дароз ва хурсандона хоҳад дошт.

Дания

Дар Дания дар рӯзи таваллуд байрақи ин кишварро дар болои бом, дар стол, дар тиреза овезон ва байрақчаҳои хурдро дар болои торт мегузоранд. Ҳамин тариқ, ҳама касоне, ки аз пеши ин хона мегузаранд аз таҷлили зодрӯзи соҳибхона огоҳ хоҳанд шуд.

Тӯҳфаҳоро падару модари соҳибҷашн бе сару садо дар зери рахти хоб бачашон мегузоранд, то ҳангоми субҳ кӯдак битавонад онҳоро билофосила боз кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97