Маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2018 ба ҳар сари аҳолӣ 7 ҳазору 565 сомониро ташкил дод

Хабари хуб 10.01.2019 09:35

Маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2018 ба ҳар сари аҳолӣ 7 ҳазору 565 сомонӣ, муъодили 803 долларро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2017 725 сомонӣ бештар аст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон дар соли 2018, 68 миллиарду 844 миллион сомониро (7,3 миллиард доллар) ташкил додааст.

Ҳамин тариқ давоми соли охир маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба сари ҳар як шаҳрванди ин кишвар 725 сомонӣ (76,9 доллар) зиёд шуда, 7 ҳазору 565 сомониро (803 доллар) ташкил додааст. Дар ин ҳол шумораи аҳолии Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ ба 9,1 миллион нафар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 ММД-и Тоҷикистон 61 миллиарду 93 миллиону 600 ҳазор сомониро (6,5 миллиард доллар) ташкил дода буд. Он вақт ММД ба ҳар сари аҳолӣ 6 ҳазору 840 сомониро (726,1 доллар) ташкил мекард.

Чанде пеш коршиносони Хазинаи байналмиллалии асъор (ХБА) гузориш дода буд, ки 38 сол лозим аст, то ки Тоҷикистон ба сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ ворид шавад, зеро дар ҳоли ҳозир ин кишвар ҳанӯз ҳам ба гуруҳи кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад  дохил нест.

Ба гуфтаи коршиносон сатҳи болоравии миёнаи ММД ба сари аҳолӣ дар солҳои 2020-2023 дар Тоҷикистон 2,9%-ро ташкил мекунад. 

Ин дар ҳоле аст, ки маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳое монанди Қатар беш аз 140 ҳазор доллар ба ҳар сари аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97