Дар пайи қатъи парвозҳо: “Тоҷик Эйр” кормандонашро ба мураххасӣ фиристод

Хабари хуб 10.01.2019 09:03

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Масъулони "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст.

Аммо кормандон аз он норозиянд, ки чанд моҳ боз маъош нагирифтаанд. Онҳо талаб доранд, аввал ҳаққи кори моҳҳои гузашта пардохт шавад ва сипас ба рухсатии бемузд мераванд. Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр” яке аз ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми январи соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳояшро ба шаҳрҳои Русия ва кишварҳои дигар қатъ кард.

Азиз Хайруллоев сухангӯи ширкати "Тоҷик Эйр" рӯзи 9-уми январ дар суҳбат бо радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аксар кормандони ширкат бо шумули ҳавонавардон ва роҳбаладон ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

Ба гуфти Хайруллоев, бо қатъи парвоз дар ҳамаи хатсайрҳо зарурат пеш омад, то бахше аз кормандон муваққатан ба рухсатии бемузд раванд. Вай тасреҳ кард: "умед дорем, ки ба зудӣ парвозҳо дубора шурӯъ мешаванд ва кормандони ширкат дигарбора ба кор бармегарданд”.

Феълан парвозҳои "Тоҷик Эйр" дар ҳамаи хатсайрҳо боздошта шудааст. Парвози ҳавопаймоҳои ширкат ба шаҳрҳои Русияро ба ширкати "Сомон Эйр" вогузошта шуданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97