Тоҷикистон содироти молҳои бофандагиро афзоиш медиҳад

Хабари хуб 10.01.2019 08:35

Дар 11 моҳи соли гузашта Тоҷикистон ба арзиши 205,8 миллион доллар маҳсулоти бофандагӣ содир кард, ки ин нишондод дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли 2017 36,2 дарсад бештар аст.

Вале, 150 миллион доллар даромади содирот аз фурӯши нахи пахта дарёфт шудааст. Дар ин муддат пӯсту пашми коркарднашуда ба арзиши 2,4 миллион доллар содир шуд, ки ин нишондод 5,2 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Бино ба гузириши  ТоҷикТа, Тоҷикистон аз миёни 20 навъи молҳои содиротӣ тавлиди 15 навъро афзоиш дод.

Агентии омори Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд, содироти бархе аз навъҳои молҳо, ба вижа, содироти маводи бофандагӣ дар ин кишвар хеле рушд кард.

Тоҷикистон аслан маводи хом, аз ҷумла, масолеҳи саноеъи бофандагиро содир мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97