Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 56 кишвари ҷаҳон сафар кунанд

Хабари хуб 09.01.2019 11:00

Тоҷикистон дар шохиси шиносномаҳои бо имкони сафари бидуни раводид ба кишваҳои хориҷӣ дар мақоми 80-ум қарор дорад.

Бар асоси ин раддабандӣ, Ҷопон дар мақоми аввал ҷой дорад, ки шаҳрвандони он имкони сафар ба 190 кишвари хориҷӣ бидуни раводидро доранд. Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур бо имкони сафар ба 189 кишвар бе раводид дар ҷой дуввум қарор доранд. Олмон ва Фаронса ба 188 кишвар ва дар мақоми саввум ҷойгир шудаанд.

Ҳамин тариқ, Дания, Италия, Финландия ва Шведсия (187) дар мақоми чаҳорум, Испания, Люксембург (186) дар ҷои панҷум ва Австралия, Англия, Америка, Португалия ва Шведсария (185) дар мақоми шашум қарор гирифтанд.

Аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, Русия бо имкони сафари бидуни раводид ба 119 кишвар дар мақоми 48-ум, Украина (128) дар ҷой 41-ум, Белорус (77) дар мақоми 74-ум, Қазоқистон (76) дар ҷой 67-ум, Қирғизистон ((64) дар мақоми 76-ум, Узбекистон ва Тоҷикистон (56) дар ҷой 80-ум ва Туркманистон (53) дар ҷой 85-ум қарор доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97