Музокироти намояндагони Амрико ва Толибон дар Аморот ба поён расид

Хабари хуб 19.12.2018 13:58

Расонаҳои хабарӣ аз поёни музокироти намояндагони Амрико ва Толибон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.

Ба гузориши шабаки телевизионии “Sky News”-и Арабистон, музокироти ду рӯза дар Абузабӣ, ки миёни Толибон ва Амрико бо ҳимояти Амороти Муттаҳидаи Араб ва ширкати Арабистони Саъудӣ ва Покистон баргузор шуд, барои тамоми ҷонибҳо натоиҷи хубе дошт. Гуфта мешавд, ҷаласаи баъдӣ дар ҳоли ҳозир барои такмили раванди оштӣ дар Афғонистон баргузор хоҳад шуд.

Охирон рӯз аз даври саввуми музокироти Амрико бо Толибон ба мизбонии Абузабӣ поён ёфт, аммо ҳанӯз ҷузиёти бисёр каме аз ин гуфтугӯҳо мунташир шудааст.

Рӯзи гузашта хабаргузории “Рейтер” ба нақл аз бархе манобеъ эълом кард, ки дар саввумин рӯз аз музокироти Амрико ва Толибон дар бораи эҷоди ҳукумати муваққат ва ояндаи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон гуфтугӯ шудааст.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти амрикоӣ аз намояндагони Толибон хостанд то барои эҷоди ҳукумати муваққат номзади худшонро муъаррифӣ кунанд, аммо ин хабар аз суи манобеъи расмӣ таъйид нашудааст.

Тарафҳои музокиракунанда ба тавофуқ расиданд то даври баъдии ин музокирот низ ба мизбонии Арабистон дар Риёз баргузор шавад, аммо ҳанӯз замони баргузории он мушаххас нашудааст.

Имрӯз охирон рӯз аз музокироти чорҷониба бо Толибон аст ва ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон низ дар Аморот ҳузур дорад. То кунун нишонае аз тамоюли Толибон ба гуфтугӯ бо давлати Афғонистон вуҷуд надорад.

Аз суи дигар, гурӯҳи Толибон ҳар гуна музокира дар бораи эҷоди ҳукумати муваққат дар Афғонистонро такзиб карда ва бори дигар ба лузуми хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар таъкид кардаанд.

Бо ин ҳол, умедҳо барои ба натиҷа расидани гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон афзоиш ёфтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97