Намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон дар Порис баргузор мешавад

Хабари хуб 19.12.2018 13:17

Тирамоҳи соли оянда дар музей “Gimée”-и шаҳри Пориси Фаронса намоишгоҳи бостонии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Маросими имзои ин тавофуқнома ахиран дар шаҳри Порис миёни музей ҳунарҳои миллии Фаронса ва муассисаи торих, бостоншиносӣ ва қавмнигории (этнография) вобаста ба академияи миллӣ ва музей миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тибқи санади ба имзо расида намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон дар макони музей “Gimée” дар торихи 4 ноябри соли 2019 оғоз ва то 17 феврали соли 2020 идома хоҳад дошт.

Маросими имзои ин муъоҳада бо ҳузури Ҷамолуддин Убайдуллоҳ сафир Тоҷикистон дар Порис ва Макарио раиси музей “Gimée” баргузор шуд.

Намоишгоҳи мазкур фурсати хубе барои муъаррифии фарҳанги бостонӣ ва ғании мардуми тоҷик хоҳад буд.

Ин намоишгоҳ сокинон ва меҳмонони пойтахти Фаронсаро бо осори бостонӣ ва торихи Тоҷикистон ошно мекунад.

Дар аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Фаронса тавофуқномае дар мавриди баргузории намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон дар музей ҳунарҳои миллии Фаронсаро ба имзо расониданд, аммо торихи баргузории он мушаххас нашуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97