Амрико ваъдаи истирдоди Гулен аз суи Трамп ба Туркияро таъйид накард

Хабари хуб 19.12.2018 10:00

Як намояндаи баландпояи Амрико гуфта, ки Доналд Трамп дар дидораш бо Урдуғон дар нишасти гурӯҳи 20 ҳеч қавле барои истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен надодааст. Пештар вазири хориҷаи Туркия аз талошҳои Амрико барои истирдоди Гулен хабар дода буд.

Як намояндаи баландпояи давлати Амрико рӯзи гузашта 18 декабр эълом кард, ки дар дидори миёни Доналд Трамп бо Раҷаб Тайиб Урдуғон руасои ҷумҳури Амрико ва Туркия дар нишасти ду ҳафта пеши гурӯҳи 20 дар Буэнос-Айрес ҳеч ваъдае барои истирдоди Гулен ба Туркия дода нашудааст.

Раиси ҷумҳури Туркия бо исрор хостори истирдоди Гулен аз суи Амрико мебошад. Фатҳуллоҳ Гулен воъиз ва мударриси улуми динӣ, аз мухолифони Урдуғон ва дар ҳоли ҳозир муқими Амрико аст. Раиси ҷумҳури Туркия вайро ба раҳбарии кудатои низомии нофарҷоми моҳи июни соли 2016 муттаҳам мекунад. Гулен ҳамвора ин иттиҳомро рад кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Мавлуд Човуш Уғлу вазири хориҷаи Туркия рӯзи душанбе дар маҷлиси Туркия гуфта буд, ки дар дидори руасои ҷумҳури Амрико ва Туркия дар ҳошияи нишасти 20 дар бораи истирдоди Гулен низ гуфтугӯе шуда ва Трамп гуфтааст, ки барои ихроҷи ин раҳбари террорист аз Амрико талош мешавад. Туркия хостори истирдоди 84 нафар аз ҷонибдорони Гулен низ шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97