Гугл бо сарфи 1 миллиард доллар дафтари нав дар Ню Йорк месозад

Хабари хуб 19.12.2018 09:24

Ширкати Гугл эълом кард, ки беш аз 1 миллиард долларро сарфи сохтани дафтари ҷадид дар шаҳри Ню Йорк мекунад то шумори кормандони худро дар он шаҳр ду баробар зиёд кунад.

Пеш аз ин ширкатҳои Amazon ва Apple низ эълом карданд, ки хориҷ аз иёлат дафтари марказишон дар Калифорния дафотири марказии дигарро дар дигар иёлатҳо хоҳанд кушуд.

Ширкати Amazon дар иёлатҳои Ню Йорк ва Вирҷиния дафтарҳои наверо эҷод мекунад, ки дар ҳар яки он барои 25 ҳазор нафар кор пайдо хоҳад шуд. Ширкати Apple низ дафтари ҷадиди худро дар иёлати Техас мекушояд, ки дар он 5 ҳазор нафар ба кор сафарбар хоҳад шуд.

Иёлатҳои шимоли шарқии Амрико бо таваҷҷуҳ ба афроди ҷӯёи кори бо таҳсилоти олӣ, макони хубе барои фаъолияти ин ширкатҳо дониста мешаванд.

Гугл наздик ба 20 сол пеш дафтари худро да Ню Йорк эҷод кард. Ин ширкат ибрози умедворӣ кардааст, ки то ду соли дигар дафтари ҷадидаш дар Ню Йорк кушода шавад.

Ин ширкат дар соли ҷорӣ чандин маркази захираи иттилоъот, яъне “дито сентр”-ро дар шаҳрҳои Детройт, Боулдер ва Лас-Вегас бунёд кард.

Фейсбук ҳам, ки дафтари марказии он дар Калифорния аст, шуъбае дар Ню Йорк дорад, ки 2000 нафар дар он машғули кор мебошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97