Афзоиши 23 дар садии арзиши билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон

Хабари хуб 19.12.2018 08:26

Агентии омори Тоҷикистон аз афзоиши 23 дар садии билети ҳавопаймо дар ин кишвар тай муддати як соли ахир хабар дод.

Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, арзиши билет ё хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар тӯли тақрибан як соли ахир беш аз 23 дар сад афзоиш ёфтааст.

Мусофирон низ гуфтаанд, ки агар соли гузашта ба ҳисоби миёна нархи билети ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Маскав 1300 сомонӣ буд, имсол аз 1700-1800 сомонӣ бештар шудааст.

Азиз Набизода муъовини аввали раиси Агентии ҳавонавардӣ рӯзи гузашта дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар як соли охир ба далели гаронии нархи билет, ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар бахше аз муштариёни худро аз даст додаанд.

Набизода дар идомаи суҳбат гуфт, ки аз як сӯ нархи сӯзишворӣ ва аз тарафи дигар таъмири гарони ҳавопаймоҳо дар хориҷа ба нархи билет дар кишвар таъсир гузоштааст. Ӯ мегӯяд, нархи сӯзишворӣ ҳадди ақал дар кишварҳои ҳамсоя дар муқоиса ба Тоҷикистон тақрибан ду баробар арзон аст.

Нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна гаронтарин ба шумор меравад ва ин як мояи интиқоди муҳоҷирони корӣ, ки аз мусофирони асосии ширкатҳои ҳавопаймоӣ баршумурда мешаванд, шудааст. Қимати билетҳо асосан дар мавсими баҳору тирамоҳ, вақти сафар ва бозгашти муҳоҷирон, боло меравад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97