Қатъномаи Созмони Миллал алайҳи Русия ба тасвиб расид

Хабари хуб 18.12.2018 12:00

Маҷмаъи умуми Созмони Миллал қатъномаи пешниҳодии Украина алайҳи Русия перомуни ҳузури низомии Маскав дар нимҷазираи Қрим, обҳои Азов ва баҳри Сиёҳро тасвиб кард.

Барои тасвиби ин санад 66 кишвар алайҳи Русия рай доданд ва 9 кишвар бо он мухолифат намуданд, дар ҳоле ки 72 кишвар аз додани рай худдорӣ карданд.

Ин қатънома ҳузури низомии Русия дар нимҷазираи Қримро нақзи ҳокимияти миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва тамомияти арзии Украина донистааст. Дар ин қатънома ҳамчунин сохти пул бар рӯи гулугоҳи Керч миёни баҳри Азов ва баҳри Сиёҳ тавассути Русия маҳкум шудааст.

Пас аз он ки Қрим дар соли 2014 ба Русия мулҳақ шуд, Маскав пули азиме миёни нимҷазираи Краснодари Русия ва нимҷазираи Керчи Қрим бунёд кард.

Русия дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи мешниҳодии Украина ибрози таассуф кард. Дмитрий Полинский муъовини намояндаи доимии Русия дар Созмони Миллал дар Твиттери худ навишт: “мо нисбат ба райгирӣ ибрози таассуф мекунем. Гурӯҳи кишварҳои узви Созмони Миллал дар қадами аввали Нато ва Иттиҳодияи Аврупо, Украинаро ба анҷоми ҷиноёти ҷадид ва таҳрикот “ба номи баландпарвозиҳои сиёсии Ғарб” ташвиқ мекунанд”.

Авзоъ дар минтақаи баҳри Азов субҳи рӯзи якшанбе 25 ноябр замоне вахим шуд, ки се киштии нерӯи баҳрии Украина аз суи нерӯҳои русӣ боздошт шуданд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97