Пешбинии вақти мурдан тавассути озмоиши хун

Хабари хуб 17.12.2018 15:28

Донишмандони донишгоҳи Йел муддаъӣ шуданд ахиран як озмоиши хун кашф намудаанд, ки ба кӯмаки он метавонанд дарёбанд, ки як фард чанд соли дигар аз умраш боқӣ мондааст.

Муҳаққиқони донишгоҳи Йели Амрико дар мақолаи ахиршон муддаъӣ шуданд, ки онҳо танҳо бо анҷоми як озмоиш метавонанд муъайян кунанд, ки як фард чанд соли дигар аз умраш боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, озмоишоти онҳо бисёр дақиқтар, илмитар ва осонтар аз ҳар мутолиъае аст, ки то ба имрӯз муҳаққиқони дигар ироа додаанд.

Морган Левин пизишки осебшиноси донишгоҳи Йел гуфт: ҳадаф аз шиносоии авомили муассир бар пирии сулул аст ва бинобар ин пизишкон метавонанд ба беморони худ кӯмак кунанд, ки тӯли умри худро бо режимҳои ғизоии муносиб ва ҳаракатҳои варзиширо афзоиш диҳанд.

Асосан ҳадафи ин озмоиш ташхиси санҷиши синни физиологӣ аст, на на синни молекулӣ. Ин санҷиш ба мо мизони тағйироти бадани афродро нишон медиҳад. Донишмандон мегӯянд, дар ояндаи начандон дур пизишкон метавонанд барои ҳар фарде, ки орзу дошта бошад, рӯзу торихи дақиқи марги ӯро равшан намоянд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97