Шаби Ялдо чи шабе аст?

Хабари хуб 17.12.2018 14:00

Шаби Ялдо яке аз шабҳои мондагор дар фарҳанги эрониён аст. Ин шаб, ки решаи амиқ дар ҷону дили мардум дорад солҳост, ки бо ҷашн ва даври ҳамойҳои самимӣ хотира ангез мегардад.

Шаби Ялдо баробар аст бо шомгоҳи 21-ум то бомдоди 22-уми декабр.

Шаби Ялдо аввалин шаби зимистон ва тӯлонитарин шаби сол аст. Дарозтарин шаби сол, ҷанги фариштаи хубӣ ва бадӣ, воқеъаҳои кайҳонӣ ва... аз ҷумлаи мавориде ҳастанд ки ба унвони торихчаи шаби Ялдо рабт мегиранд. Хуршед дар ҳаракати солонаи худ дар охири пойиз ба пойинтарин нуқтаи уфуқи ҷануби шарқӣ мерасад, ки тӯли рӯз кӯтоҳ шуда ва замони торикии шаб афзоиш меёбад. Аз оғози зимистон хуршед дигарбора ба суи шимоли шарқӣ боз мегардад, ки натиҷаи он афзоиши рӯшноии рӯз ва коҳиши шаб аст.

Ба ҳамин далел ирониёни бостон ин шабро шаби таваллуди олиҳаи меҳр “Митро” мегӯянд ва шодмона рақсу пойкӯбӣ  мекарданд ва гирди оташ ҷамъ меомаданд.

Ақвоми қадими ориёӣ дар ин шаб оташ бармеафрӯхтанд то торикӣ ва омилони аҳриманӣ ва шаётин нобуд шуда ва бигрезанд ва ҳамчунон, ки хуршед ба муносибати фурӯғ ва гармои кор созиши тақаддус пайдо карда буд, оташ низ ҳамон волоиро назди мардум доро шуд.

Одоб ва русуми куллии шаби Ялдо

Ҷашни Ялдо дар Эрони имрӯз низ бо гирди ҳам омадан ва шабнишинии аъзои хонавода ва ақвом дар канори якдигар баргузор мешавад. Ойини шаби Ялдо ё шаби Чилла хӯрдани оҷили махсус, ҳиндувона, анор ва ширинӣ ва меваҳои гуногун аст, ки ҳама ҷанбаи намодӣ доранд ва нишонаи баракат, тандурустӣ, фаровонӣ ва шодкомӣ ҳастанд. Дар ин шаб ҳам мисли ҷашни Тиргон, фоли Ҳофиз марсум аст. Ҳозирон бо интихоб ва шикастани гирду (чормағз) аз рӯи пукӣ ва ё пурии он, ояндагӯӣ мекунанд. Ҳамчунин корҳое мисли ҳофизхонӣ ва таърифи қисса тавассути бузурги хонавода монанди модарбузург ё падарбузург роиҷ аст. Маъмулан дар ин муносибат наврарӯсон аз тарафи домоди худ ҳадяҳое ба унвони пешкаши шурӯъи зиндагии тавъам бо осоиш ва хушбахтӣ дарёфт мекунанд.

Ялдо баҳонае аст барои дилгармӣ додан ба рӯзҳои сарди зимистон ва пойизи тиллоӣ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97