Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мутахассисони рақобатпазир омода мекунад

Хабари хуб 07.09.2018 09:47

Байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 4 сентябри соли ҷорӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар дод.

Дар хабари Донишгоҳ омадааст, ки ҳадафи шартнома “омода  намудани мутахассисони соҳибкасб дорои таҳсилоти олӣ ва дар бозори меҳнатии дохилӣ ва хориҷии рақобатпазир, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, баланд бардоштани сифати таълим, ичунин ба роҳ мондани  фаъолияти таълимӣ дар Мактаби улуми гуманитарӣ, табиатшиносӣ  ва дақиқ  дар шаҳри Хоруғ” мебошад.

Ин шартномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ раиси шӯрои он Шамш Қосим Лакха ба имзо расониданд. Дар маросими имзо кардани ин шартнома Исматулло Насриддин, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, доктор Суҳайл Нақвӣ, ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва намояндаҳои дигари аршади Вазорати корҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ иштирок доштанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум ҳамчун донишгоҳи дунявӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ тавассути Шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон ба имзо расидааст, таъсис ёфт. Ин шартнома аз ҷониби парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расида, дар Созмони Милали Мутаҳид ба қайд гирифта шудааст.

“Мо итминон дорем, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, ки ба рушди кишварҳои худ ва минтақа мусоидат мекунанд, нақши муҳимеро иҷро менамояд”, изҳор дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шамш Қоссим Лакха, раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳангоми имзо кардани шартнома бо изҳори хушнудӣ баён дошт, ки“Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо кумаки Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва донишгоҳҳои шарик дар Австралия, Канада, Аврупо ва Русия аз тариқи таҳқиқот ва омӯзиш додани донишҷӯёни боистеъдоди Тоҷикистон ва кишваҳои дигари Осиёи Марказӣ нақши худро дар рушди минтақа густариш медиҳад.”

Мактаби илмҳои инсонӣ ва дақиқи кампуси нави Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба донишҷӯёни Тоҷикистон имконияти беназирро фароҳам меоварад, ки бо ҳамсолони худ аз ду кишвари муассис-Қирғизистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин кишварҳои ҳамсоя ба мушкилоти хос ба минтақаҳои куҳистони онҳо расидагӣ кунанд. Ин мушкилиҳо таъсири тағйирёбии иқлим, намунаҳоинави рушди иқтисодӣ ва имкониятҳоеро дар бар мегиранд, ки тавассути рушди сареъи низомҳо ва шабакаҳои технологияи иттилоотӣ фароҳам оварда мешаванд.

 

«Ҳаво»

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97