Гиёҳҳои Бадахшон китоб шуд

Хабари хуб 05.09.2018 20:04

"Гиёҳномаи Бадахшон" тасвир ва хусусияти растаниҳои шифобахши Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар ин маҷмуа ба таври мухтасар тарзи истифодабарӣ, хосияти шифобахшӣ, истифода дар тиб ва шакли дорувории 108 набототи дармонбахши худрӯй, полезӣ (бӯстонӣ) ва меваҷот бо акси аслии гиёҳҳо оварда шудаанд.

Китоб барои кормандони соҳаи ҳифзи сиҳат, табибони мардумӣ ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст. 

Зимнан, дар ёд дошта бошед, ки тамоми усулҳои табобат бо гиёҳҳо ва дигар маводи гиёҳпизишкӣ бояд бо машварати табиб сурат бигирад. Зеро мумкин аст, ба маризиҳои дигари ҷисми инсон таъсири манфӣ расонад.

Ин  китобро табиби гиёҳшинос Ширинбек Давлатмамадов таҳия кардааст.

Қаблан, Ширинбек Давлатмамадов ва Хадича Ҷалолова "Дастурамали гиёҳпизишк"-ро, ки дар бораи ҷамъоварӣ, хушконидан ва тарзи нигоҳ доштани растаниҳои шифобахш, тартиби истифодаи омехтаи гиёҳҳо барои табобат ва пешгирии бемориҳои аъзои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгузар, аъзои ҳозима, гурда ва маҷрои пешобгузар, эндокринӣ, бемориҳои занона ва пӯст нигошта шудааст, мунташир карданд.

Дар ин бора гуруҳи Гулу гиёҳ дар Фейсбук хабар додааст.

 

«Ҳаво»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97