Овозаи "Мулло Абдулло" дар Шӯрои Ҷамъиятӣ баррасӣ шуд

Хабари хуб 02.07.2009 16:24

Адусамад Самиев, сардори бахши амнияти иттилоотӣ ва робитаҳои байналмилалии Шӯрои амнияти кишвар рӯзи 30 июн дар нишасти "Маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ"-ии Шӯрои Ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба мавзӯйи "Амнияти миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ" бахшида шуда буд, гуфт, ки дар ҷомеа афроде ҳастанд, ки дар бораи вазъи амниятӣ дар шарқи кишвар овоза паҳн мекунанд.

Ӯ овозаҳои марбут ба ноором будани вазъи амниятӣ дар шарқи кишварро рад кард ва аммо гуфт: "Мутаассифона, дар миёни мардуми тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки аз пашша фил месозанд. Як нафар мухолифин дар нуқтае аз кишвар пайдо шуд, табли шодӣ мезананд."

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи Абдусамад Самиев, хабарҳои шуму бардурӯғ на танҳо барои амнияти миллӣ, балки барои амнияти ҳар як сокини Тоҷикистон хатар эҷод мекунад.

Ҳамзамон сардори бахши иттилоотӣ ва робитаҳои байналмилалии Шӯрои Амнияти Тоҷикистон аз фаъолияти аҳзобу созмонҳои иҷтимоӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз пахши чунин овозаҳо интиқод карда гуфтааст: "Оё Шӯрои Ҷамъиятӣ, ки ба он ҳамаи ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсии кишвар шомиланд, наметавонад дар амри ҷилавгирӣ аз бурузи чунин овозаҳо, бахусус овозаҳои вобаста ба минтақаи шарқ саҳим бошад?."

Давлаталӣ Давлатзода, муовини аввали раиси ҲХДТ аз мавзеи намояндаи Шӯрои Амният дар мавриди ҳамкории аҳзобу созмонҳои иҷтимоӣ бо ниҳодҳои давлатӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз густариши овозаҳо истиқбол кард. Аммо Давлатзода бар ин назар аст, ки ҷилавгирӣ аз овозаҳои бардурӯғ қабл аз ҳама вазифаи ниҳодҳои давлатӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, ҷилавгирӣ аз сару садоҳо ва овозаҳои бардурӯғ ҷузъи муборизаҳои иттилоотӣ ё ҷангҳои иттилоотӣ маҳсуб мешавад.

Давлатзода аз он изҳори таассуф кард, ки чунин овозаҳо, ки ба муқобили давлати Тоҷикистон равона шудааст, марбут ба барномаҳои мушаххасе аст, ки аз сӯйи давлатҳои мухталифи ҷаҳон ба манзури амалӣ кардани ҳадафҳо ва манофеи онҳо сурат мегирад."

Давлаталӣ Давлатзода ҳамчунин гуфт, ки ниҳодҳои давлатиро лозим аст, ки алайҳи чунин иқдомоти давлатҳои дигар барномаҳои мушаххасеро ба мавриди иҷро бигзоранд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ бо тааҷҷуб изҳор дошт, ки чаро иттилооти дуруст дар бораи он ки дар минтақаи Рашт чӣ мегузарад, чӣ масъала аст ва чӣ зарурате ба ҳузури нируҳои давлатӣ аст, ки як гуна мушкили дигареро болои мардум матраҳ кардаанд, мунташир намешавад?

Ба ақидаи Сайфуллозода, дар ҳоле ки як мақоми расмии давлат аз посух ба ин масъалаи ҷиддӣ, ки барои амнияти миллӣ хеле муҳим аст, канорагирӣ мекунад, пас метавон гуфт, ки амнияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон халалдор аст.

Таҳаввулоти марбут ба вазъи амниятӣ дар минтақаи шарқи кишвар дар нишасти Шӯрои Ҷамъиятӣ дар ҳоле матраҳ шуд, ки сару садоҳое дар бораи пайдо шудани афроди вобаста ба Мулло Абдулло, аз фармондеҳони саркаши нируҳои мухолифони пешин дар ноҳияи Тавилдара дар аввали моҳи май мунташир шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ он замон ин овозаҳоро рад кард ва аз оғози амалиёти "Кӯкнор-2009" дар минтақаи Рашт хабар дод ва гуфт, ки ин амалиёт бо вуруди аъзои гурӯҳҳои мухолифи пешин ҳеҷ иртиботе надорад.

Ҳамакнун ин амалиёт дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҷараён дорад ва интизор меравад то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ идома ёбад.

Шӯрои Ҷамъиятӣ як ниҳоди муташаккил аз аҳзобу гурӯҳҳо ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандист, ки дар соли 1997, бо имзои созишномаи сулҳ миёни давлат ва мухолифонаш таъсис шуда ва расидан ба ваҳдати миллиро ҳадафи худ қарор додааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97