Кашфи ҷасади як ҷавондухтар дар дарёи Душанбе

Хабари хуб 02.07.2009 16:23

Рӯзи 29 июн нимарӯзӣ кормандони гурӯҳи наҷот дар дарёи Душанбе, дар зери кӯпруки мошингарди хиёбони Саъди Шерозӣ, ҷасади духтари наздик ба 20-соларо пайдо карданд. Гуфта мешавад, таҳқиқи аввалия маълум кардааст, ки ин ҷасади Нилуфари Давлатзода, соли таввалудаш 1992, сокини ноҳияи Варзоб будааст. Ӯ панҷ рӯз қабл аз хонаашон, дар деҳаи Якағӯзи ноҳияи Варзоб, нопадид шудааст.

Сайфуллоҳ Миров, раиси идораи гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки хешони Нилуфар ҷасади вайро шинохтаанд, аммо милитсия машғули таҳқиқи асрори марги ин духтар аст.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидон, ки қабл аз омадани гурӯҳи наҷот ҷасадро дар дарё дидаанд, мегӯянд, ки дар бадани духтар нишонаҳое аз марги маҷбурӣ ба назар мерасид.

Бино ба иттилои Сайфуллоҳ Миров, кормандони гурӯҳи наҷот дар як ҳафати ахир чаҳорумин ҷасадро аз оби дарёҳо дар Душанбе ва маҳаллоти атрофи он берун меоваранд.

Ба гуфтаи ӯ, аксари нафарони ғарқшударо кӯдакон ва ҷавонони зери 20-сола ташкил медиҳанд ва дар як ҳафтаи ахир гурӯҳи наҷот 17 маротиба ба макони ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла, ғарқшавӣ рафтаву кормандон, ҳатто, дар баъзе маврид муваффақ шуданд, то кӯдаконро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд. Бисёр вақт кӯдакони ҳатто то синни ҳафтсола дар ҷойҳои хатарноки дарёҳо ва кӯлҳо шиноварӣ мекунанд.

Гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор доданд, ки дар фасли тобистон мавориди ғарқшавии кӯдакон бамаротиб зиёд мешавад ва аз волидону пайвандон даъват кардаанд, ки кӯдаконро бидуни назорат иҷозаи шиноварӣ дар кӯлҳо ва дарёҳо надиҳанд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97