Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» ва «Моҳпайкари наврӯзӣ» барои дарёфти «Шоҳҷоиза»-и аруси наврӯзӣ баргузор кард.
Ин озмун бо мақсади тарбияи босамари ҷавондухтарон дар рӯҳияи худшиносиву маърифатӣ, одоби оиладорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарон, ки ҳунарҳои хуби ҳозирҷавобӣ, кадбонуию рӯзгордорӣ ва маҳорати намоиши арӯси намунавии хонадони солимро доранд, роҳандозӣ шудааст.
Озмуни мазкур тайи як моҳ идома кард, даври авали он дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаронида шуд. Рӯзи 17-уми марти соли ҷорӣ дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии он доир шуд.
«Шоҳҷоиза»-и «Арӯси наврӯзӣ» ва «Моҳпайкари наврӯзӣ», «Диплом»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва 3500 сомонӣ ба донишҷӯи курси 2-юми факутети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ганҷина Сафарова дода шуд. Ҷойи аввал ба ду нафар Г. Баҳромшоева – донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва М.Иззатуллоева – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ насиб гардид, ки ба онҳо «Диплом» ва 3000 сомонӣ тақдим шуд.
Ҷойи дувум ба ду нафар С.Самадова – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Д.Шавкатзода – донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон лоиқ дониста шуд, ки ба онҳо «Диплом» ва 2500 сомонӣ супорида шуд. Ҷойи сеюм низ ба ду нафар Н. Собирова – донишҷӯи Донишкадаи санъат ва дизайнери Тоҷикистон ва Б.Мардинова – Донишкадаи политехники Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд насиб гардид, ки бо «Диплом» ва 2000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, ба тамоми иштирокчиён барои иштироки фаъолона Сипосномаи Вазорати маориф ва илм, Ифтихорномаи Кумитаи занон ва оила тақдим гардида, аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои молӣ тақдим шуд.