Наттоқони забони ҷопонӣ муайян шуданд

Хабари хуб 14.03.2017 11:27

Ғолибони озмуни наттоқони забони ҷопонӣ эълом гардиданд.

Гулизор Нурова, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ҷойи аввалро гирифт, Фирӯза Нурова, донишҷӯи ДДЗТ барандаи ҷойи дуюм шуд ва Сурайёи Абдуқосим, хонандаи интернат-гимназияи Тоҷкистону Русия «Ҳотам ПВ» сазовори ҷойи сеюм гардид.

 Рӯзи 11 марти соли равон бо ҳузури Китаок аҲаҷиме, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ва Танабе Ҳидеки, роҳбари намояндагии JIСА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни наттоқони забони ҷопонӣ дар ДДЗТ баргузор гардид.

 Ин озмун ҳар сол бо ҳадафи рушди омӯзиши забони ҷопонӣ бо дасгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода доир мешавад. Дар озмуни имсол 20 нафар довталаб аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва интернат гимназияи «Ҳотам ПВ» аз рӯи шартҳои сухангӯӣ бо забони ҷопонӣ, қироати шеър ва ҳикоя бо забони ҷопонӣ сабқат карданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97