Марҳамати Путин ба як зиндонии зан

Хабари хуб 13.03.2017 17:29

Оксана Севастиди, як шаҳрванди Русия ва сокини Сочи, ки ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи якшанбе пас аз афв шудан тавассути раиси ҷумҳури ин кишвар озод шуд. Ин шаҳрванди Русия, ки як зани 46 сола аст, дар январи соли 2015 ва ба далели ирсоли як СМС-паёмак да бораи ҳаракати танкҳои русӣ ба самти Гурҷистон боздошт ва ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буд.

Оксана Севастиди, ки паёмаки мазкурро дар соли 2008 ва дар оғози таниши низомӣ миёни Русия ва Гурҷистон ирсол карда буд пас аз дастгир шудан тавассути сервисҳои иттилоотии Русия дар додгоҳ ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан муҳокима шуда буд.

Кремл рӯзи 7март эълом кард, Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар, барои нишон додани арзиши инсондӯстӣ дастури озодии Оксанаро содир кардааст.

Макомоти амниятии Русия мегӯянд, ин паёмак ва аксе, ки ин шаҳрванди рус аз таҷҳизоти низомӣ гирифта буд, ба як ҷосуси аҳли Гурҷистон фиристода шудааст, аммо Оксана мегӯяд аз шуғли дӯсташ дар Гурҷистон иттилое надоштааст.

 Вакилони мудофеъи вай мегӯянд, аз раиси ҷумҳури Русия миннатдор ҳастанд, аммо хоҳони лағви комили ҳукми маҳкумияти Оксана Cевастиди шудаанд. Қарор аст девони олии Русия рӯзи 15март дар мавриди лағви ин ҳукм назари худро содир кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97