Шикояти як паноҳҷӯи сурӣ аз Фейсбук ба додгоҳ

Хабари хуб 01.03.2017 14:49

Аввалин ҷаласаи додгоҳи расидагӣ ба парвандаи шикояти як паноҳҷӯи сурӣ аз Фейсбук баргузор шуд.

 Анос Мудомонӣ, паноҳҷӯи 19 сола сурӣ, ки дар сентябри соли 2015 бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон акси селфӣ гирифта буд, пас аз онки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба даст доштан дар ҳамалоти террористӣ муттаҳам шуд аз Фейсбук шикоят кард.

Тасовири марбут ба ӯ тавассути акаунтҳои сохтагӣ мунташир шуда ва ҳатто иддао шуда буд, ки ӯ яке аз омилони ҳамлаи террористӣ ба фурудгоҳи Брюссел дар моҳи марти соли 2016 будааст.

Ин ҷавон пас аз ҷаласаи додгоҳ ба хабарнигорон гуфт: «Онҳо мегӯянд, ки ман террорист ҳастам. Ин ҳақиқат надорад. Ман дар Берлин зиндагӣ мекунам ва алон ҳама маро мешиносанд. Онҳо зиндагии манро тағйир додаанд. Наметавонам берун биравам ва ҳамеша нигаронам. Умедворам роҳи ҳале барои ин пайдо шавад. Ман ҳам инсонам ва ҳамаи мо яксон ҳастем.»

Як сухангӯи Фейсбук эълом карда, ки дар ҳоли ҳозир ду пости тавҳиномези муртабит бо ин фардро, ки аз сӯи вакили ӯ гузориш шуда буд, ҳазф кардааст, аммо ҳазфи тамоми тасовир ва постҳои марбут ба ӯ ба осонӣ мумкин нахоҳад буд.

Мақомҳои Олмон дар талош ҳастанд то қонуни ҷадид барои муқобила бо интишори ахбори ҷаълӣ ё сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хусус Фейсбук тасвиб кунанд. Бар асоси ин қонун ширкатҳое монанди Фейсбук дар сурати амал накардан ба масъулияташон дар қиболи пок кардани ин навъи ахбор бояд ҷаримаи сангине бипардозанд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97