"Freedom House" аз Тоҷикистон нигарон шудааст

Хабари хуб 02.07.2009 16:22

Созмони амрикоии "Freedom House" ё Кохи Озодӣ дар гузориши тозае аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки сатҳи демократӣ дар кишварҳои собиқи шӯравӣ ва бархе кишварҳои мутаъаллиқ ба блоки комунистии собиқ дар Аврупои шарқӣ пойин рафтааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки вазъи озодиҳои демократӣ дар 18 кишвар аз ҷумлаи 29 кишвари дар ҳоли гузар дар Аврупо ва Осиё дар муқоиса бо солҳои пешин бадтар шудааст.

Дар гузориши Кохи Озодӣ, ки рӯзи сешанбеи 30 июн мунташир шуд, ҳамчунин омадааст, ки Русия ва Қирғизистон барои нахустин бор дар канори шаш кишвари худкома қарор гирифтаанд.

Ҳамакунун дар ин феҳрист аз ҳашт кишвари собиқи Шӯравӣ, яъне Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Белорус, Укроин, Гурҷистон, Русия ва Қирғизистон ба унвони "давлатҳои худкома" ном бурда мешавад.

Дар ин гузориш бавижа аз интихоботи "бидуни рақобат"-и раёсати ҷумҳурӣ дар Русия дар соли 2008 ва интиқоли қудрат аз Владимир Путин ба Дмитрий Медведев, ҷонишини баргузидаи ҷаноби Путин, интиқод шуда ва гуфта мешавад, ки демократия дар ин кишвар таназзул ёфтааст.

Гузориши тоза ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки озодиҳои демократӣ дар кишварҳои "инқилоби рангинӣ", монанди Гурҷистон ва Қирғизистон низ то ба сатҳи даврони пеш аз инқилобҳо маҳдуд шудааст.

Созмони амрикоии Кохи Озодӣ ҳамчунин зимни ёдоварӣ аз мушкилоти ношӣ аз сармои шадиди соли гузашта дар Тоҷикистон бар нотавонии давлати ин кишвар дар заминаи таъмини нерӯи барқ ва маводди сӯхтӣ барои сокинон дар фасли зимистон таъкид мекунад.

Ҳамчунин ин созмон аз кундии ислоҳоти идорӣ дар давлати Тоҷикистон, бавижа дар заминаи кишоварзӣ ва мубориза бо фасод ёдрас шуда ва навиштааст, ки бисёре аз тасмимоти давлат, бахусус дар заминаи ислоҳи воҳидҳои кишоварзӣ дар манотиқи парвариши пахта, муассир набуда ва мақомоти маҳаллӣ деҳқононро ҳамчунон истисмор мекунанд.

Созмони Кохи Озодӣ дар мавриди вуҷуди фасоди молӣ дар Тоҷикистон дар сутуҳи мухталифи давлатӣ интиқод карда ва навиштааст, ки фасод аз ҷумла ниҳодҳои мубориза бо интиқоли маводди мухаддир, содироти пахта ва алюминий вуҷуд дорад.

Тибқи ин гузориш, аз соли 2000 ба ин тараф, Тоҷикистон тақрибан дар ҳамаи заминаҳо, монанди раванди интихобот, вазъи ҷомеъаи маданӣ, расонаҳои мустақил, истиқлоли додгоҳҳо, идораи сохторҳои давлатӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ ва густариши фасод батадриҷ ақиб рафтааст.

Бар асоси ин гузориш, фасод дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, бавижа марзбонон, мунҷар ба афзоиши қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон шуда ва дар бахшҳои тавлиди пахта ва алюминий низ ба таври густарда ба мушоҳида мерасад.

Пажӯҳишгарони Кохи Озодӣ бар ин назаранд, ки фасод ва мудохилаи давлат дар арсаи пахтакорӣ мунҷар ба фақир шудани ҳазорон тан аз хонаводаҳои кишоварз шуда ва ин бахш беш аз 500 млн. доллар аз сармоягузорон қарздор шудааст.

Ба навиштаи онҳо, тавлиди алюминий дар ширкати Талко низ масъалаи ҷиддӣ буда ва ба бовари бархеҳо садҳо млн. доллар аз фоидаи ин корхона ба хазинаи давлат ворид намешавад.

Дар гузориши Кохи Озодӣ ҳамчунин омадааст, ки мунтақидон аз харҷи 125 млн. доллар барои рафъи қазияи Талко дар додгоҳе дар Лондон аз давлати Тоҷикистон интиқод кардаанд.

Бархе аз коршиносони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо аксари нукоти гузориши ҷадиди Созмони омрикоии "Freedom House" ё Кохи Озодӣ мувофиқанд.

Бархе дигар вазъи демократия дар Тоҷикистонро дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа беҳтар арзёбӣ мекунанд. Бархе дигар аз сокинон мегӯянд дар кишваре, ки фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар сатҳи боло қарор дорад, даст ёфтан ба демократия ва пешрафт душвор хоҳад буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97