Як хакер идораи ҳазорон принтери ҳифозатнашударо ба даст гирифт

Хабари хуб 23.02.2017 17:03

Як хакер бо рахнагарӣ ихтиёроти беш аз 150 ҳазор принтери қобили дастрас аз тариқи вебро аз роҳи дур дар даст гирифт.

Хакери мазкур он принтерҳоро водор ба чопи як паём кард то дорандагонашонро тарғиб кунад қобилияти дастрасӣ ба дастгоҳ аз роҳи дур (emote access)-ро ғайрифаъол кунанд.

Принтерҳои бузург дар идорот, дастгоҳҳои хонагӣ ва принтерҳои кӯчаки чопӣ расиди харид (чек) дар ресторанҳо, ҳамагӣ ҳадафи ин рахнагарӣ қарор гирифтанд.

Ҳамлаи мазкур ба думболи интишори як матлаби академикӣ дар Олмон, ки осебпазириҳоеро дар як қатор аз принтерҳо ёфта буд, сурат гирифт.

Дар тӯли таътилоти ҳафтаи гузашта, як хакер бо номи мустаори Стаковерфловин (Stackoverflowin) як барномаи компютериро иҷро кард то ба таври автоматӣ, дар интернет ба думболи принтерҳое, ки пойинтарин танзимоти эминӣ дар онҳо фаъол нест, бигардад.

Барномаи мазкур ба маҳзи ёфтани як дастгоҳи осебпазир, водораш мекард, ки як сафҳаро чоп кунад. Дар он сафҳаи принтшуда, эълом мешуд, ки принтер мавриди ҳамла қарор гирифта ва ба соҳибаш мегуфт "порте", ки аз он барои рабоиш истифодашударо бубандед.

Нусхаҳои аввалияи ин барнома дорои графикҳои аский (ascii) низ буд, ки тарҳе аз як компютер ё роботҳои гуногунро ба тасвир мекашид.

Принтерҳои сохти Эйч Пӣ (HP), Ипсон (Epson), Кэнон (Canon), Лексмэрк (Lexmark), Минолта (Minolta) ва хеле аз тавлидкунандагони дигар ҳадафи ҳамлаи барномаи Стаковерфловин қарор гирифтанд.

Ин хакер гуфта, ки қасде барои суистифода аз дастрасӣ ба принтерҳо надоштааст.

Ӯ дар мусоҳиба бо сайти хабарии «Блипинг компютер» (Blypyng computer) гуфтааст: "Қасди ман кумак ба ҳалли ин мушкил аст, вале мехостам як каме саргармӣ ҳам дошта бошам!"

Ҳафтаи гузашта, се пажӯҳишгари ҳавзаи амниятии компютер аз донишгоҳи «Ruhr»-и Олмон, як мақолаи академикӣ мунташир карданд ва як ҷамъбандӣ аз корҳое, ки дар иртибот бо амнияти принтерҳо анҷом дода будандро дар он мақола ироа карданд.

Ин се нафар 20 принтери гуногунро тест карданд ва мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҳамаи онҳо нисбат ба ҳадди ақал як навъе аз ҳамла, осебпазир ҳастанд.

Онҳо ба роҳҳое пай бурданд, ки тавассути онҳо метавон принтерҳоро дар як чарха (луп)-и беинтиҳо қарор дод; тавре ки комилан аз дастрасии корбарон хориҷ шавад; ё рабоиши ин дастгоҳҳо, аз онҳо барои роҳ ёфтан ба шабакаҳои компютерии маҳаллӣ, ки дар он қарор гирифтаанд истифода намуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97