Рушди умедбахши донишҷӯён ҳамроҳ бо “МегаФон Тоҷикистон”

Хабари хуб 18.02.2017 11:16

Рӯзи 10 феврали соли 2017, дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон намоиши навбатии муаррифӣ дар доираи лоиҳаи “Барномаи таълимии роуд-шоу” -и “МегаФон Тоҷикистон” баргузор гардид. Ин бор дар назди донишҷӯён шарики ташкилотчӣ – намояндаи ширкати Huawei баромад карда дар бораи чӣ гуна технологияҳои иттилоотӣ ба низоми маориф татбиқ карда мешаванд, нақл намуд.

 “Барномаи таълимии роуд-шоу” – лоиҳаи касбӣ баҳри донишҷӯён аз “МегаФон Тоҷикистон” ва Huawei буда ноябри соли 2016 оғоз гардида аст. Ин силсилаи намоишҳои муаррифӣ мебошад, ки он ҷо хонандагони ДСРТ дар муддати соли хониш бо кормандони ду ширкат – кордонҳо аз соҳаҳои гуногун вомехӯранд: маркетинг, робита бо ҷомеа, корҳо бо кормандон, технологияҳои иттилоотӣ ва ғ. Малакаҳои нави дар намоишҳои муаррифӣ гирифташуда ба донишҷӯён корозмӯдаиҳақиқӣ шуданро меомӯзад ва ба иштирокчиёни аз ҳама фаъол – дар “МегаФон Тоҷикистон” гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва ба захираи кадрии оператори алоқа ворид шудан имконият фароҳам меорад.

 Вохӯрии навбатӣ ба технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаи маориф бахшида шудааст. ТИ барои омӯзиш имкониятҳои васеъ медиҳанд. Ҳамин тавр, смартфонҳое, ки бештари зиёди донишҷӯён ва мактаббачаҳои тоҷик доранд, тариқи интернет матни китобҳо, онлайн тамошо намудани филмҳо ва барномаҳо ва ба осонӣ фаҳмидани вазифаҳои хонагиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳанд. Барои деҳаҳои хурд, ки он ҷо китобхона вуҷуд надорад, интернети мобилӣ сарчашмаи ивазнопазири маърифат гардидааст. Дар бобати чӣ тавр лоиҳаҳои ТИ ояндадор дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд ба донишҷӯёни ДСРТ роҳбарият ва менеҷерҳои ширкати Huawei нақл намуданд.

“Намоишҳои муаррифӣ оиди нақши ТИ дар маорифи электронӣ аз шарикони мо, бисёр мавзӯи рӯзмарраи ҷамъияти муосир гаштааст. Чунки Технологияҳои иттилоотӣ ва Интернет – ин на танҳо захираи маорифӣ, балки майдони рушди инфиродӣ ва касбӣ мебошад. Ҷавонон ба теъдоди аз ҳама истифодабарандагони “пешрафта”-и технлогияҳои нав дохил мешаванд ва муҳим аст, ки онҳо аз ҳама имкониятҳои ТИ хабардор бошанд. Маълумоти нав ба донишҷӯён мадад мекунад – айни замон онҳо на танҳо бояд хуб омӯзанд, балки омода бошанд, ки дар оянда баҳри рушди ТИ дар кишвари мо саҳмгузор шаванд. Интернети баландсуръат аз “МегаФон Тоҷикистон” бошад ба донишҷӯён барои хондани китоби дарсӣ, ки дар китобхонаи маҳаллӣ мавҷуд нест, ҳамчунин дарёфт намудани дониши беназир бо кӯмаки курсҳои онлайн ба таври ройгон кӯмак менамояд.” – шарҳ медиҳад директори технологияҳои иттилоотии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Қурбоналӣ АЗИЗОВ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97