Сабти номи дубораи созмонҳои мазҳабӣ

Хабари хуб 02.07.2009 16:21

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз 1-июл қабули асноди созмонҳову муасиссисаҳои мазҳабиро дар асоси қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ шурӯъ кардааст. Ин раванд то 30 декабри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи масъули бахши динҳои Вазорати фарҳанг Назира Додхудоева, дар ин муддат сабти номи созмонҳои мазҳабӣ ба таври ройгон сурат мегирад, вале аз авоили соли 2010 масҷидҳо, калисоҳо ва сойири муассисоти мазҳабӣ муваззаф хоҳанд шуд, ки қимати сабти номро бипардозанд.

Инчунин афзудааст, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи озодии дин ва созмонҳои мазҳабӣ, мебоист дарҳол пас аз интишори матни ин қонун дар матбуоти расмӣ, раванди сабти номи созмонҳои мазҳабӣ оғоз шавад. Вале ба далели ин ки бисёре аз ин сомзонҳо барои анҷоми ин амр омода набуданд, вазорати фарҳанг тасмим гирифт, ки ин раванд акнун оғоз шавад.

Хонум Додхудоева афзудааст, ки дар ин муддат масъулони бахши динҳо дар Вазорати фарҳанг намунаҳои асноди зарурӣ барои сабти номи масҷидҳо, калисоҳо ва муассисоти дигари мазҳабиро таҳия карда ва дар ихтиёри созмонҳои мазҳабӣ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон қарор додаанд ва масъулони созмонҳои мазҳабӣ метавонанд бо истифода аз ин намунаҳо асноди заруриро барои сабти ном таҳия кунанд.

Назира Додхудоева нигаронии бархе аз соҳибназарон мабнӣ бар эҳтимоли эҷоди монеъа дар раванди сабти номи созмонҳои мазҳабиро радд кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Тоҷикистон 2842 масҷиди панҷвақта, 259 масҷиди ҷомеъ, 19 муассисаи таълимии мазҳабӣ ва як Донишгоҳи давлатии исломӣ фаъолият мекунанд.

Ин дар ҳолест ки баъд аз тасвиби ин қонун дар порлумон ва имзои он аз сӯйи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бархе аз соҳибназарон ва созмонҳои ҳуқуқи башар чандин моддаи ин санади баҳсбарангезро "хеле маҳдудкунанда" арзёбӣ карданд.

Аз ҷумла, ба навиштаи Комиссиюни озодии байналмилалии мазҳабии Амрико, баъд аз ба иҷро даромадани ин қонун, имкони баста шудани садҳо масҷид ва маҳдуд кардани омӯзиши мазҳабии кӯдакон имконпазир хоҳад шуд.

Зимнан, ба гуфтаи соҳибназарон, тибқи қонуни нав меъёрҳо барои таъсиси масҷидҳо дар манотиқи мухталифи сангинтар шудааст. Чунин нигарониҳо аз сӯйи масъулони созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ низ иброз шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97