«Помир энержӣ» барои сокинони сарфакори Бадахшон имтиёз медиҳад

Хабари хуб 04.01.2017 17:26

Ширкати «Помир энержӣ» (Pamir Energy)), таъминкунадаи аслии нируи барқ дар вилояти Бадахшон бо кумаки Оҷонсии рушд ва ҳамкории Швейтсария нархи истифодаи барқро барои сокинони ин вилоят дар панҷ моҳи фасли тирамоҳ ва зимистон бо поинтарин қимат пардохт мекунад.

Сар аз моҳи ноябр то моҳи март «Помир энержӣ» аз сокинони вилояти Бадахшон моҳона барои истифодаи 360 киловат нируи барқ танҳо 10 дарсад маблағ гирифта ва 90 дарсади онро мебахшад. Ин миқдор барқ, ки ба сокинон ҳамчун субсидия дода мешавад, 70 сомонӣ наздик ба 10 доллари амрикоӣқиммат дорад.

 «Помир энержӣ» ҳадафи ин иқдомро сарфаҷӯӣ дар истифодаи барқ ва камбуди ангиштсангу ҳезум дар Бадахшон унвон кардаааст. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, мардум ба хотири соҳиб шудан ба субсидия барқро сарфакорона истифода хоҳанд бурд.

Ширкати “«Помир энержӣ» 11 ниругоҳи хурду миёнаи вилояти Бадахшонро дар бар мегирад ва қисмати бештари ин вилоятро бо барқ таъмин месозад. Ин ширкат ба сокинони Бадахшони Афғонисон низ барқ содир мекунад.

Тоҷикистон, ки дар фасли сармо ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нируи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май интиқоли нируи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимит дода мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97