Анҷоми марҳилаи аслии "Кӯкнор-2009"

Хабари хуб 25.06.2009 15:48

Бисёре аз нерӯҳои интизомӣ аз минтақаи Рашт, ба маҳалли доимии худ баргаштанд. Манобеи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки ба далели анҷоми марҳилаи аслии амалиёти "Кукнор-2009" бисёре аз ин нерӯҳо ба маҳалли воҳидҳои низомии худ баргаштанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати дохила, рӯзи сешанбеи 23 июн зимни таъйиди ин хабар гуфтааст, ки дигар ниёзе ба ҳузури нерӯҳои изофӣ дар минтақаи Рашт нест. Инчунин афзудааст, ки нерӯҳои интизомие, ки ҳоло дар шарқи Тоҷикистон боқӣ мондаанд, метавонанд раванди идомаи амалиёти "Кӯкнор-2009"-ро таҳти назорат дошта бошанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни ин амалиёт ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ тавонистаанд миқдоре аз кишти хашхош ва маводди мухаддирро дар ин минтақа кашф ва нобуд созанд.

Моҳе қабл Вазорати корҳои дохилӣ эълом карда буд, ки дар саросари Тоҷикистон амалиёти густардаи "Кукнор-2009" оғоз шудааст.

Таъкид шуда буд, ки дар ин амалиёт кормандони Вазорати дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорат бар маводди мухаддир, вазоратҳои фарҳанг, адлия ва тандурустӣ инчунин кумитаҳои гумрук ва радио-телевизиони Тоҷикистон ширкат карда ва "бо интиқоли маводди мухаддир ва фурӯши он ва ҳамчунин кишти хашхош дар қаламрави кишвар мубориза хоҳанд кард."

Мақомот он замон изҳор дошта буданд, ки дар пайи боришҳои зиёд кишти хашхош дар Афғонистон ду баробар афзоиш ёфтааст ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки бархе аз гурӯҳҳои қочоқбар ба интиқоли ин маводд ба Тоҷикистон иқдом кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97