Дар сайёраи Плутон уқёнуси об кашф шудааст

Хабари хуб 17.11.2016 15:50

Барраси тасвирҳои наве аз Плутон аз мавҷудияти уқёнуси об зери пӯсти яхзадаи ин сайёра хабар медиҳад.

 Тахмин меравад, ки умқи ин уқёнус байни 50 то 200 километр ва миқдори оби он низ ба андозаи кулли оби мавҷуд дар сайёраи Замин бошад.

Сайёраи Плутон дар ҳудуди панҷ миллиард километрии замин қарор дорад ва тасвирҳои марбут ба ин кашф дар 14 июли 2015 пас аз убури як ковишгари амрикои аз наздики Плутон сабт шуд.

 Тасвирҳои фиристода шуда саранҷом пас аз як сол ба Замин расид ва баррасии онҳо ин натиҷаи илмиро ба бор овард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97