«Газоштӣ»: Маскав бо Ишқобод гуфтугӯ мекунад

Хабари хуб 16.11.2016 16:35

Ширкати русии "Газпром" ва "Туркмангаз"-и Туркманистон тасмим гирифтаанд, ки мушкилашонро аз роҳи гуфтугӯҳал кунанд. Дар ин бора дар ширкати "Газпром" иттилоъ додааст.

 Бо оғози буҳрони соли 2008 "Газпром" талош кард, то нархи газе, ки аз Туркманистон мехарид, бозбинӣ шавад. Сар аз соли 2009 ин ширкати русӣ аз Туркманистон солона 10 миллиард мукааб газ харидорӣ мекард ва соли 2015 тасмим гирифт, онро то 4 миллиард мукааб коҳиш диҳад.

Моҳи июни соли 2015 "Газпром содирот" ба додгоҳи ҳакамӣ муроҷиат карда, хост нархи газе, ки аз Туркманистон солҳои 2010-2015 харидааст, поин бурда шавад. Ба иттилои манбаи "Интерфакс", ширкат аз мақомоти гази Туркманистон талаб кард, ки 5 миллиард долларро баргардонанд.

Шуруъ аз соли 2016 "Газпром" аз харидории гази Туркманистон даст кашид.

Ин тасмим дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон аз Русия боздид ва бо ҳамтои русаш Владимир Путин дидор ва гуфтугӯ кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97