Афзоиши парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр”

Хабари хуб 10.11.2016 16:03

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” эълом кардааст, ки теъдоди парвозҳои худро ба Русия, Ҳинд ва Чин афзоиш медиҳад.

Азизуллоҳ Хайруллоев, сухангӯ ширкати «Тоҷик Эйр» ба хабарнигори «Миллат» гуфт, дар фасли сармо теъдоди парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати мо ба Русия, Ҳинд ва Чин афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар масири ДушанбеСургути РусияДушанбе аз сар гирифта шуд. Ин парвоз, ҳар ду ҳафта як бор анҷом мешавад.

Ҳамчунин ширкати “Тоҷик Эйр” аз рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ, парвози ҳавопаймоҳои хеш дар масири Хуҷанд -Нижневартовск-Хуҷандро оғоз мекунад, ки дар ду ҳафта як бор анҷом мешавад.

Гуфта мешавад, ки ширкати мазкур теъдоди парвозҳои хеш дар масири ДушанбеДеҳлии Навро ахиран аз як парвоз ба ду парвоз дар ҳафта, афзоиш додааст. Ҳамчунин мудирияти ширкати “Тоҷик Эйр” дар ҳоли баррасии масъалаи афзоиши теъдоди парвози ҳавопаймоҳои хеш, дар масири ДушанбеУрумчӣ ва Душанбе-Пекин ба самти Чин мебошад.

 

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97