Чу истодаӣ дасти афтода гир!

Хабари хуб 10.11.2016 12:13

Ба консерти хайриявии “Мадонна” дар Душанбе ташриф биоред ва савоб касб кунед.

Рӯзи 12-уми ноябр дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе консерти ҳунарманд Муҳаммад Холов, маъруф ба “Мадонна” баргузор мешавад.

 Ба гуфтаи ташаббускорони ин консерт, маблағи фуруши билети ин консерт барои табобати “Мадонна” сарф мешавад.

Шаҳноз Комилзода, яке аз дастандаркорони ин амали хайр мегӯяд, ки “Мадонна” бо гузашти 11 соли аз по уфтодан тасмим гирифтааст таслими сарнавишти ғамангези худ нашавад ва дубора қуввати пойҳои худро баргардонад. Пизишкони осебшинос муолиҷаи комили пойҳояшро танҳо бо анҷоми ду амали ҷарроҳӣ замонат медиҳанд то ӯро бо пойи худ равон кунанд.

Ҳоло сарфи назар аз имконоти маҳдуд ӯ мехоҳад боз рӯйи саҳна биёяд, то табъи ҳаводоронашро шод ва ба ин васила барои ҷарроҳӣ маблағе дарёфт кунад.

Аммо мутаассифона, сармояе, ки аз баргузории консерт ба даст меояд, барои анҷоми ин ду амали ҷарроҳӣ кофӣ нест ва гуруҳи ташаббускор тасмим гирифтаанд, то маблағи мавриди ниёз барои ҷарроҳиро ҷамъоварӣ кунанд. Ҳамватанони азиз, нисбат ба сарнавишти ин ҳунарманд бефарқ набошед.

Бо харидории билет Шумо кумак мекунед, ки як ҳунарманд дубора бо умед ба зиндагӣ баргардад ва бо ҳунари волои худ дили садҳо тан аз мухлисонашро шод гардонад. Бо анҷоми коре савоб ва гузоштани саҳми худ дар ин корзор ба ӯ ёрӣ кунед, то рӯи пойҳои худ устуворона биистад.

Оғози консерт: соати 14:00

 Дар меҳмонии консерти “Мадонна” ҳамчунин ҳунармандони маъруфи кишвар: Баҳром Ғафурӣ, Шабнами Сурайё, Парвин Юсуфӣ, гуруҳи “Ғарибшо-компания” ва дигарон иштирок мекунанд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97