Ангурҳои «боғи Алимардонов» боровар шуд

Хабари хуб 10.11.2016 11:22

Корпоратсияи “Баракат”, ки бино ба иттилоъи ғайрирасмӣ ба наздикони Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк” тааллуқ дорад, соли ҷорӣ ба хориҷ аз кишвар15 ҳазор тонна ангур содир кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар охири ҳафтаи гузашта бо фаъолияти ин хоҷагии намунавӣ ва бисёрсоҳаи Корпоратсияи «Баракат» аз наздик ошно шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин хоҷагӣ 11 навъи ангури олӣ, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад ва имсол аз ҳосили фаровони токзор 5 ҳазор тонна мавизи хушсифат тайёр шудааст. Ин манбаъ хабар медиҳад, ки “ аз майдони боғоти хоҷагӣ себҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба хориҷ содирот мегардад, ки аз ин ҳисоб ҳам фоидаи зиёд ба даст меояд".

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти ин хоҷагӣ бо бунёди боғоти нав 360 сокини шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардааст.

Президенти кишвар аз заҳмати боғдорони пуртаҷрибаи Корпоратсияи «Баракат» изҳори қаноатмандӣ карда, ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхаридор маслиҳатҳои муфид додааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97