Алоқаи боэътимод аз “МегаФон Тоҷикистон” барои огоҳсозии аҳолӣ аз хатари офатҳои табиӣ

Хабари хуб 03.11.2016 12:31

Системаи хабардиҳии сокинон оид ба ҳолатҳои фавқуллода – обхезӣ ва ҷараёни сел дар чанде аз ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият озмуда шуд. Аҳолии деҳаҳои дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулода ҷойгирбуда сигнали оғози тахлияро (эвакуатсия) тавассути SIM-кортҳои “МегаФон Тоҷикистон” қабул мекунанд.

 Айни замон системаи хабардиҳӣ бо ёрии Агроаксияи Олмон дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш роҳандозӣ шудааст. 

 “Санҷиши системаи навро мо аз ноҳияҳое, ки “МегаФон” бо хизматрасониҳои алоқа ба пуррагӣ минтақаро фаро гирифтааст, оғоз намудем. Аллакай таҷҳизот аз мувафақияти худ дарак дод. Ва ин ба он маъност, ки дар нақшаи система дигар ноҳияҳои Тоҷикистон низ пайдо мешаванд, дар навбат – ноҳияи Тоҷикобод аст”, -мегӯяд Давлатбек ДАВЛАТОВ, менеҷери лоиҳавии Агроаксияи Олмон.

 “Барои ноҳияҳое, ки системаи хабардиҳӣ фаоъл аст, ин бисёр муҳим мебошад. Инак, дар Нуробод, Айнӣ ва Панҷакент се ҳолати фаромадани ҷараёни сел, дар Тоҷикобод ва Рашт – ду ҳолат ҳар сол ба қайд гирифта мешавад. Мо аллакай, дар вақташ кори система санҷидем; имсол ҳангоми фаромадани сел деҳаҳои Шашволон, Мазори боло, Шул ва Панҷруд саривақт тахлия (эвакуатсия) карда шуданд. Ин имкон дод, ки одамон аз хатари марг наҷот ёбанд”, нақл намуд Валиҷон МУЗАФФАРОВ, роҳбари истгоҳи обуҳавосанҷии Рашт.

Асбобҳои система, ки дар маҷрои дарёҳо ва мавзеҳои фуромадани ҷараёни сел ҷойгир карда шудаанд, ҳангоми баландшавии сатҳи об ба кор медароянд. Якумин шуда сигналро даҳ нафар масъулини деҳаҳо қабул мекунанд, ки наздиктар ба маҳали ҲФ ҷойгиранд. Ҳар яки онҳо баъд аз муоинаи мавзеъ ҳуқуқи тасдиқ намудани факти хатарро доранд – дар ин ҳол ҳамаи ширкатҳои ба кори система алоқаманд хабарро тавассути SIM-корти “МегаФон” дарёфт менамоянд. Ин ҳолат ба саривақт тахлия (эвакуатсия) намудани аҳолии деҳаҳои дар минтақаи ҲФ ҷойгирбуда кӯмак медиҳад.

“Технологияҳои инноватсионӣҳаёти одамонро на танҳо боз ҳам бароҳат месозанд, балки боз ҳам бехатар менамоянд. Ин махсусан дар мисоли системаи хабардиҳии мо бо шарикони олмонӣ таъсиснамуда дида мешавад. Саривақт хабарро қабул намудани сокинони деҳаҳо ба онҳо имконияти аз минтақаи хатарнок баромадан, моли чорпоро баровардан, бо худ чизҳои арзишдорро гирифта бурданро фароҳам меорад. Ҳамагӣ якчанд сим-корт барои наҷот додани садҳо ҳаёти нафарон аз таҳдидҳо кӯмак медиҳанд. Бинобар ин мо нақша гирифтаем, ки ин лоиҳаро рушд ва инкишоф диҳем. “МегаФон” дорои шабакаи аз ҳама бузург ва пуриқтидор дар кишвар мебошад. Умедворам, ки имкониятҳои ӯ дар танзими кори системаи хабардиҳӣ дар тамоми ҳудуди кишвар кӯмак мерасонад”, шарҳ медиҳад директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Денис НИКИТИН.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97