Хидматгори хонагӣ пас аз 18 моҳ ба бозор меояд

Хабари хуб 01.09.2016 13:41

Роботи R1, навтарин роботи инсоннамои сохти Донишкадаи технологии Генуе дар Италия аст.

 

R1 тайи 16 моҳ ва бо ширкати бист коршиноси донишманд ва муҳандис бо мудирияти Ҷорҷо Мэто сохта шуд. Ин гуруҳи фаннӣ муътақид аст, R1 пас аз такмили марҳилаи фаннӣ, идеалтарин хидматкори хонагӣ хоҳад буд.

Ҷорҷио Мэто, масъули барномаи R1 ва устоди донишгоҳи Генуе мегӯяд: «R1 роботи инсоннамо аст. Ҳадафи мо сохтани роботе бо қимати муносиб буд. R1 бо апликейшнҳои муносиби муҳити хонагӣ тарроҳӣ шудааст. Ба назари мо аввалин касоне, ки аз он баҳра мебаранд, нотавонони ҷисмӣ ҳастанд, ки дар муҳити хона ба кумак ниёз доранд. Дар марҳилаи баъдӣ афроди дигар ҳам метавонанд аз он истифода кунанд.»

R1 нусхаи арзон ва соддаи роботи озмоишгоҳӣ ва печидаи «Айкоб» (ICUB) аст, ки дар саросари дунё истифода мешавад ва барои сарфаҷӯӣ кардан, тағйироти зиёде дар он эҷод шуд. R1 ба ҷойи чарх, пой дорад, вазни он 50 килограмм ва бар хилофи «Айкоб», ки аз филиз сохта шуда, аз нахи карбонӣ ва пластик ташкил шудааст.

Пажӯҳишгари тими R1 Марко Рандатсобо ишора ба пешрафтҳои фаннии ин барнома мегӯяд: «Сахтафзори он такмил шудааст. Сохтани нармафзор барои назорати робот аз роҳи дурро шуруъ кардаем. Инсон аз роҳи дур метавонад ҳар чизеро, ки робот мебинад бо як дурбин мушоҳида кунад ва бо ҳаракат додан аҳроми роботро ҳидоят кунад то ба таври мисол чизеро аз рӯйи замин бардорад».

Барои расидан ба маҳсули ниҳоӣ, пешрафтҳои барномаи R1 идома дорад ва пажӯҳишгарон муътақоиданд ба зудӣ бо садои инсон ҳам қобили ҳидоят мешавад. Аввалин R1 эҳтимолан ба баҳои баробар ба як мошини сабукрав қиматгузорӣ шуда ва то якуним соли дигар ба бозор бароварда мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97