Танишзудоии Бунёди Оқохон дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Хабари хуб 23.08.2016 16:07

Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон ба амалӣ кардани як лоиҳаи панҷсола таҳти унвони "Таҳкими субот ва мудирияи беҳтари захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон" оғоз намуд. Тарҳи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Британияи Кабир ва Бунёди Оқохон дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон амалӣ гардида, тибқи нақшаи пешакӣ дар навоҳии Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мавриди иҷро қарор мегирад.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур коҳиш додани низоъҳои марбут ба истифодаи захираҳои табиӣ аз қабили об ва чарогоҳҳо дар манотиқи наздимарзии ду кишвари ҳамсоя буда, аз ҷониби Барномаи Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистонӣ (МСДСП), ки Барномаи Рушди деҳоти Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояи Суғд амалӣ мегардад. Буҷаи ин лоиҳа, ки барои Тоҷикистон ихтисос ёфтааст, 8 миллиону 716 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин тарҳ аз 11 зерлоиҳа иборат аст, аз ҷумла 7 лоиҳа оид ба таъмири каналҳо (ҷӯйҳо) ва 4 лоиҳаи хати оби ошомиданӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ваобёрӣва зарфияти Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар минтақаҳои таҳти фаъолияти лоиҳа беҳтар гардида, дониши ҷавонон ва мактаббачагон оид ба аҳамияти идоракунии захираҳои табиӣ ва усулҳои коҳиш додани муноқишаҳо тақвият меёбад.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта Бунёди Оқохон бо харҷи 186 ҳазор доллари амрикоӣ канали Чилғозии ноҳияи Исфараро таъмир кард. Тарҳи мазкур дуввумин лоиҳаи панҷсолаест, ки соли равон дар вилояти Суғд ба фаъолият шуруъ кард. Лоиҳаи аввали панҷсола моҳи гузашта дар водии Зарафшон ба кори худ оғоз карда, маблағи он 54 миллиону 777 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ёдгор Файзов, роҳбари Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори "Миллат" дар бораи амалисозии ин тарҳҳо гуфт: "Қариб тамоми намуди фаъолиятҳое, ки дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудаанд, солҳои қабл аз ҷониби ташкилоти мо дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва водии Рашт тариқи лоиҳаҳои гуногун амалӣ шуда буданд ва Бунёди Оқохон дар ин соҳаҳо донишу таҷрибаи кофӣҳосил кардааст. Ин яке аз тарҳҳоест, ки имсол дар вилояти Суғд амалӣ мекунем ва тибқи нақша фаъолияти ташкилоти мо дар вилояти Суғд ва Хатлон дар солҳои наздик ба таври қобили таваҷҷуҳ густариш меёбад". 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97