Омӯзиши бозорёбӣ дар саноати мӯд дар Хуҷанд

Хабари хуб 04.08.2016 15:09

Бозоршиносон (маркетолог), тарроҳон, соҳибкороне, ки дар самти мӯд фаъолият мебаранд, ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ дар як давраи омӯзишии дурӯза доир ба бозорёбӣ (маркетинг) дар саноати мӯди замонавӣ ва нақши он барои корхонаҳо иштирок доранд, ки рӯзи 3-юми август, дар шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард.

Давраи омӯзишии мазкурро ширкати маъруфи русӣ Fashion Consulting Group дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) омода ва баргузор мекунад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

 Ҳадафи давраи таълимии мазкур тақвияти дониши иштирокдоронаш доир ба васила ва роҳҳои муваффақи бозорёбӣ дар саноати мӯди замонавӣ буда, иштирокдорон дар он доир ба тарзи дурусти роҳандозии тиҷорат дар саноати мӯд, тарҳрезии рушди тиҷорат бо назардошти имконияту чолишҳои худӣ дар муқоиса бо рақибон, стратегияи нархгузорӣ ва роҳҳои ҷалби муштариёни эҳтимолӣ маълумот мегиранд.

Анӯш Гаспарян, ҳаммуассис ва мудири тиҷоратии Fashion Consulting Group, ки давраи мазкурро ба намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон таълим медиҳад, чунин мегӯяд: “Дар ин давраи омӯзишӣ махсусан ба бозори мӯд дар Русия таваҷҷуҳ хоҳем кард, чун вуруд ба он барои корхонаҳои Тоҷикистон осонтар аст. Бозори Русия ҳамеша барои корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон самти асосии содирот буд, вале саҳми маҳсулоти дӯзандагии Тоҷикистон дар ин бозор дар муқоиса бо кишварҳои дигар камтар аст. Тоҷикистон барои афзоиши содироти маҳсулоти дӯзандагияш ба кишварҳои ИДМ, махсусан Русия, иқтидори хубе дорад, вале бар иловаи сифати хуб, дарки беҳтари талаботи бозор лозим аст”.

 Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97