Либоси арӯсӣ аз дастмоли коғазии туалет

Хабари хуб 08.07.2016 11:24

Барои доштани либос арӯсии шик лозим нест сарватманд буд ва ё либос аз абрешим ё порчаи гарон дӯхта шуда бошад.

 Ҳар сол мусобиқае барои интихоби беҳтарин либоси арӯсии вежа, аз дастмоли коғазии туалет дар Ню-йорк баргузор мешавад. Баргузоркунандаи мусобиқа ва веб-сайти «Арӯсиҳои арзон ва шик» (Cheap-chic weddings.com) мегӯяд: «Ҳар сол аз дидани моделҳои ироа шуда ғофилгир мешавем. Вақте ба аксҳои солҳои гузашта нигоҳ мекунем такомули либосҳо сол ба сол бештар мешавад. Баъзеҳо чанд бор ва баъзе як бор ширкат мекунанд, вале корашон хиракунанда аст.»

Аз миёни 1500 тарроҳи ширкаткунанда ва 1500 либос дар ин рақобат, даҳ нафар ба марҳалаи ниҳоӣ мерасанд. Барои таҳияи либосҳо, фақат дастмоли коғазии туалет, часб (ширеш), сӯзан ва нах (ришта) ба кор меравад, вале дар интихоби навъ ва миқдори дастмол маҳдудияте нест.

Баъзе аз либосҳои арӯс бо 70 то 90 рулон дастмол сохта шудаанд.

Либоси барандаи кор Ван Тарон, аз Ню-йорк аст, ки аз барф илҳом гирифтааст. Илова бар ҷоизаи бузург, Ван Тарон барандаи даҳ ҳазор доллар низ шуд.

Ин либоси қобили бозёфт ва созгор бо муҳити зист аст, ки пас аз истифода ба асли худаш бар мегардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97