Интернети босуръати мобилии 4G –и “МегаФон” дар шаҳри Қурғонтеппа роҳандозӣ шуд

Хабари хуб 22.06.2016 13:23

Ширкати “МегаФон” интернети насли чорумро (стандарти 4G/ LTE) дар шаҳри Қурғонтеппа роҳандозӣ кард. Акнун барои сокинони маркази вилояти Хатлон суръати баланди интернети мобилӣ дастрас буда, онҳо бо роҳандозии шабакаи нав маълумотро бо суръати то 20 Мбит/с таҳвил дода ва бо суръати то 30 Мбит/с қабул карда метавонанд.

 «Суръати интернети мобилӣ дар минтақаи амал баъд аз анҷом ёфтани санҷиш ва танзими пойгоҳҳои базавии 4G ду маротиба меафзояд. Технологияи назариявии ниҳоии насли чорум– 100 Мбит/с буда, дар амал ин 40-60 Мбит/с, суръат аз сарбории шабака ва миқдори муштариёни истифодабарандаи интернет вобаста аст. Вале “аз ҳама суръати бемаҳдуд” комилан эҳсосоти дигарро аз интернет-серфинг кафолат медиҳад. Инак, филми дусоатаро бо сифати HD дар муддати як соат не, балки дар муддати даҳ дақиқа метавон ҳатто дар шабакаи 3G берун овард», -шарҳ медиҳад Павел БЕЛЕСОВ, директории инфрасохтори ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Айни ҳол 4G-интернет аз “МегаФон” дар ҳудуди зиёда аз 60% маркази вилоят фаъол аст. Минтақаи амали шабакаи нав кӯчаҳои Хайём, Ҷ. Румӣ, Баҳор, Б. Ғафуров, Айнӣ, ҷамоати Ориён, ҳудуди меҳмонхонаи“Қурғонтеппа” ва як қатор ҳудудҳои дигари шаҳрро фаро гирифтааст. Айни ҳол барои дорандагони смартфонҳои Apple iPhone интернети 4G танҳо дар шабакаи“МегаФон”дастрас аст.

Истифодаи ҳамаи имкониятҳои шабакаи 4G дастгоҳи мобилии дорои технологияи насли чорумро талаб мекунад. Муайян намудани таносуби смартфонҳоро ба чунин дастгоҳҳо бо ёрии USSD дархости *0454# метавон санҷид. Харидорӣ намудани 4G-модемҳо бо нархи дастрас – дар толорҳои оператор мумкин аст. Инҷо ҳамчунин СИМ-кортҳои қолиби пештараро ба USIM-ҳои нав, ки дастрасӣ ба шабакаи 4G -рофароҳам меоваранд, метавон иваз кард.

“МегаФон” минбаъд васеъ кардани шабакаи 4G-ро дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар нақша дорад. Тирамоҳи ҳамин сол ба минтақаи амали шабака маркази шаҳри Ваҳдат, маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ дохил мегардад, роҳандозии истгоҳҳои базавии 4G дар ш.Қурғонтеппа идома меёбад. Ҳадафи стратегии оператор–таъмини интернети мобилии баландсуръат ба ҳама муштариён дар Тоҷикистон мебошад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97