Бон Ки Мун Арабистонро аз рӯйхати кӯдаккушон хориҷ кард

Хабари хуб 17.06.2016 13:10

Созмон нигаҳбони ҳуқуқи башар, Дабири кулли Созмони милали муттаҳидро ба хотири ҳазфи номи Эътилофи Арабистони Саудӣ аз рӯйхати сиёҳи кишварҳои ноқизи ҳуқуқи кӯдакон, ба таслим шудан дар баробари фишорҳои Арабистони Саудӣ муттаҳам кард.

Хабаргузории Фаронса дар ин бора навиштааст: Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи башар худ шоҳиди ҳамалоти ҳавоии нируҳои Эътилофи Саъудӣ ба мадрасаҳо ва бемористонҳои Яман будааст.

Филип Балупиюн, муовини мудири ҳимояти ҷаҳонии Дидбони ҳуқуқи башари СММ гуфт: Аз он ҷое, ки ин феҳраст заминаро барои бозиҳои сиёсӣ фароҳам мекунад, эътибори худро аз даст медиҳад ва ба парвандаи Дабири кулли СММ дар заминаи ҳуқуқи башар хадша ворид мекунад.

Стефан Дворик, сухангӯи Дабири кулли СММ низ рӯзи душанбе аз мувофиқати Бон Ки Мун бо пешниҳоди Арабистон мабнӣ бар таҷдиди назар дар мавриди зикршуда хабар дода буд.

Созмони милал дар гузориши солонаи худ марбут ба сарнавишти кӯдакони қурбонии даргириҳои мусаллаҳона дар соли 2015 дар 14 кишвар, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, Эътилофи Саудиро масъули куштори 60 дарсад аз 785 кӯдак ва 1168 кӯдаки зери синни қонунӣ, ки соли гузашта дар Яман кушта шуда буданд, эълон кард.

Ба гузориши СММ, ҳамалоти саудиҳо ба Яман, ки дар марти 2015 оғоз шуда, боиси кушта шудани беш аз 6 400 нафар то кунун шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97