Пайкараи бесари Ленин дар Маскав

Хабари хуб 09.06.2016 14:24

Дар шаҳри Маскав дар робита ба тахриби муҷассамаи Владимир Ленин парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст. Дар ин бора раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар додааст.

Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия гуфтааст, парвандаи мазкур дар асоси моддаи 214-и Кодекси ҷиноии ин кишвар "харобкорӣ" боз гардидааст.

Ба пулиси Маскав аз осеб дидани ҳайкалчае дар кӯчаи Климашкин рӯзи 7 июн тақрибан соатҳои 10:30 хабар додаанд. Ҳангоми ҳозир шудани кормандони пулис ба макони ҳодиса муайян шудааст, ки ду шахси номаълум пайкараро тахриб кардаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97