Ошноии соҳибкорони тоҷик бо хайётони қирғиз

Хабари хуб 26.05.2016 08:29

Як гуруҳи иборат аз намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 25-ум то 29-уми май бо ҳадафи шиносоӣ бо саноати нассоҷиву дӯзандагӣ ва баррасии масоили ҳамкорӣ аз Қирғизистон дидан мекунад.

Сафари мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейт­сария маблағгузорӣ мешавад, баргузор мегардад. Ҳайъати Тоҷикистон аз намо­яндагони 13 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва ду донишгоҳи киш­вар иборат аст.

Соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар солҳои ахир дар Қирғизистон басуръат рушд мекунад ва феъ­лан, ҳудуди 100 000 то 150 000 нафар дар тақрибан 1 500 кор­хонаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар ин кишвар бо кор фаро гирифта шудаанд. Солона дар Қирғизистон ба маблағи на­здик ба 190 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ истеҳсол мешавад, ки қариб ҳамааш ба Русияву Қазоқистон содир мегардад. Дар солҳои ахир, корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон низ му­тахассисони қирғизро ба кор даъват намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи ин сафар ҳайъати Тоҷикис тон аз на­мояндагони беҳтарини са­ноати нассоҷиву дӯзандагии Қирғизис тон – ба монанди корхонаҳои “Лариса Фэшн”, “Светланка”, “Модники”, “Арда­мина”, “Назик”, “ВИВА ТЕКС”, “Тек­стил Транс”, ва “Айима” боздид ба амал оварда, бо намояндагони Вазорати иқтисоди Қирғизистон ва иттиҳодияҳои саноати сабуку тарроҳони мӯд ва Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон мулоқот мекунанд. Корхонаҳои барои боздид интихобшуда ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун, ба монанди либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона, ҷӯроб, ва ғайра машғуланд.

Ин сафар ба ҳайъати Тоҷикистон имкон фароҳам ме­орад, то аз таҷрибаи шарикони қирғиз маълумоти нав биги­ранд, омилҳои калидии рушди саноати дӯзандагӣ дар кишва­ри ҳамсояро биомӯзанд, ва бо ҳамкорони қирғиз робитаҳои нави тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд барқарор кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97