Рақобати ғулҳои интернетӣ: Ҷаримаи ҳангуфти Гугл

Хабари хуб 19.05.2016 11:05

Эҳтимол меравад, Комиссиюни Аврупо муваффақ шавад то пеш аз шуруъи таътилоти тобистонӣ расидагӣ ба парвандаи чандсолаи иттиҳоми ширкати Гугл ба нақзи ҳуқуқи рақибонро ба натиҷа бирасонад. Ин ҷаримаи молӣ метавонад зарбаи сангине бар пайкари ғули моторҳои ҷустуҷӯ ворид созад.

 Як ҷаримаи чанд миллиард евроӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ширкати Гуглро таҳдид мекунад. Ба навиштаи рӯзномаи бритониёии "Телеграф" ба нақл аз манобеъи огоҳ дар Комиссиюни Аврупо, мизони ин ҷаримаи молӣ эҳтимолан ҳудуди 3 миллиард евро хоҳад буд.

Брюссел қасд дорад расидагӣ ба парвандаи Гугл дар робита бо нақзи ҳуқуқи рақибон ва тасаллути ин ширкат бар бозори моторҳои ҷустуҷугари вебро то пеш аз таътилоти тобистонӣ ба натиҷа бирасонад. Ба ин тартиб интизор меравад, ки ҳукми ниҳоӣ дар тайи чанд ҳафтаи оянда эълом шавад.

Муҳосиботи марбути ҷаримаи молии қобили пардохт дар иртибот бо парвандаи Гугл дар Брюссел ҳамчунон идома дорад. Бар асоси қавонини Аврупо, ҷаримаи таъйиншуда дар иртибот бо нақзи ҳуқуқи рақибон метавонад то як даҳуми даромади солиёнаи муассисаро дар бар гирад.

Иттиҳодияи Аврупо бо судури баёнияе иттиҳомоти Гугл дар заминаи нақзи ҳуқуқи рақибонро бархоҳад шумурд. Гугл муттаҳам аст, ки тарофики интернетиро аз рақибони худ мунҳариф мекунад ва имкони дида шудан ба онҳо намедиҳад.

Бар ҳамин асос, маблағе, ки Гугл маҷбур ба пардохти он хоҳад шуд метавонад то сақфи 6 миллиард доллар боло равад. Аммо ҳатто пардохти ниме аз ин миқдор ҳам метавонад зарбаи ҳассосе ба ин ширкати бузург ворид созад.

Ширкати Майкрософт 5 сол пеш дар мавриди мушобеҳ ё ҳамчуноние ва ба хотири тасаллути ин ширкат бар бозори мурургарони веб танҳо чандсад миллион евро пардохт кард. Комиссиюн ҳамчунин дар соли 2009 ширкати Интелро ба пардохти ҷаримаи болиғ бар беш аз як миллиард евро вазифадор кард.

Зимнан, Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо аз шаш соли пеш машғули баррасии парвандаи Гугл ва масъалаи тасаллути он бар бозори моторҳои ҷустуҷугар дар сатҳи Аврупост. Дар пайи шикояти рақибони Гугл, Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи ноябри солии 2010 таҳқиқоти худ дар ин заминаро оғоз кард.

Аммо дар соли 2015 буд, ки аввалин ҷаласаи расмии баррасии парвандаи Гугл ба иттиҳоми суистифода аз мавқеияти ин ширкат дар бозор ва нақзи ҳуқуқи рақибон аз сӯи Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо ташкил шуд.

Фаъол шудани парвандаи Гугл дар Аврупо метавонад таҳдиди наверо барои ин ширкат дар робита бо мақомоти нозир бар бозор дар Амрико низ ба вуҷуд оварад. Ба гузориши маҷаллаи амрикоии "Политика", Комиссиюни федералии тиҷорат (federal trade commission) бори дигар фаъолиятҳои Гуглро зери заррабин бурдааст.

Ин тағйирот метавонад нишонаи фаъол шудани дубораи парвандаи Гугл, ки се сол пеш аз сӯи ин созмон баста эълом шуда буд, бошад. Дар гуфтугуҳои анҷомшуда миёни коршиносон Комиссиюни федералии тиҷорат ва намояндагони саноат дар Амрико ҳамчунин масъалаи тасаллути  Гугл бар бозори телефонҳои ҳамроҳ бо системаи Андроид матраҳ шудааст.

Гугл дар соли 2012 тавонист бо пазириши чанд иттиҳом дар муқобили Комиссиюни федералии тиҷорат ба баррасии парвандаи ин ширкат аз сӯи ин созмон хотима диҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97