Пойгаи аспдавонӣ дар минтақаи Рашт

Хабари хуб 19.05.2016 10:53

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи ҷавонон ва Райъпурсии умумихалқӣ дар минтақаи Рашт мусобиқаи варзишии «Пойгаи аспдавонӣ» барпо гардид.

Ин пойга рӯзи 17 майи соли равон таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ поянда бод!» миёни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон дар масофаи 1200 метр баргузор шуд.

Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар суханронии худ дар ифтитоҳи ин мусобиқа таъкид бар он дошт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии варзишӣ, пеш аз ҳама тарғиб ва рушди ин соҳаи варзиш, тарзи ҳаёти дуруст ва солимии ҷомеа, пешгирии ифротгароӣ дар миёни ҷомеъа аст.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД дар ин пойгаи аспдавонӣ 6 даста бо 104 нафар варзишгарони асптоз аз Раштонзамин: Рашт, Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Сангвор иштирок доштанд.

Дар мусобиқаи мазкур дар баробари мардон ҳамчунин 11-нафар бонувон низ маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.

 Гуфта мешавад, ки рақобат дар миёни мардон дар мусобиқа аз 9 давр муқаррар гардида, ғолибони аввали ҳар як давр дар даври ниҳоӣ боз қувваозмоӣ намуданд. Дар даври ниҳоии мусобиқа миёни мардҳо ҷойи якумро Шоҳрух Ятимов ва ҷойи дуюмро Рустам Ҷамилов – ҳар ду аз ноҳияи Нуробод, ҷойи сеюмро Ғаниҷон Иблоев, аз ноҳияи Рашт ишғол карданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ миёни бонувон варзишгарони ноҳияи Лахш: Бибисоро Раҳимова ҷойи аввал, Зиёда Маҳмадтолибова ҷойи дуюм ва Нурзиёи Саидаҳмад мақоми сеюмро касб карданд.

Аз рӯи натиҷаи ғолибияти варзишгарон дар умум дастаи ноҳияи Рашт ҷойи аввал, ноҳияи Нуробод ҷойи дуввум ва ноҳияи Лахш ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

 Дар хотима, ғолибони пойгаи аспдавонӣ дар 9 даври аввал ва даври ниҳоӣ бо медал, Ифтихорнома ва ҳадяҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97