Ҳизби коммунист омодаи ширкат дар раъйпурсӣ аст

Хабари хуб 17.05.2016 18:53

Раёсати олии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аъзои ҳизб дар райъпурсии 22 май барои ислоҳи Қонуни асосӣ иштирок хоҳанд кард.

Исмоил Талбаков, муовини аввали раҳбари ҳизби коммунист, ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ба тамоми аъзои ҳизб низ муроҷиатнома қабул гардид, ки дар ин маъракаи тақдирсоз ширкати фаъол дошта бошанд.

Ба гуфтаи Исмоил Талбаков, раёсати олии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ин назар буд, ки ҳар узви ҳизб дар ин марҳила бояд аз ҳаққи қонунии худ истифода намояд. Зимнан, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳудуди 37 ҳазор узв дорад. То интихоботи порлумонии соли 2015 теъдоди аъзои ин ҳизб 45 ҳазор нафар гуфта мешуд.

Коммунистон дар гузашта дар порлумон ду –се курсӣ доштанд, аммо дар интихоботи порлумонии 1 марти соли 2015 ба далели ба даст наовардани раъйи зарурӣ натавонистанд дар порлумон кусрӣ ба даст биоваранд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97